Актиний (лотинӣ Actinium) Ac — элементи химиявии радиоактиви гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев, рақами ат. 89. Изотопҳои собит надорад. Соли 1899 олими франсавӣ актиний Деборн ҳангоми тадқиқи партовҳои коркарди маъдани уран кашф кардааст. 10 изомери радиоактиви актиний (массаи атомиашон аз 221 то 230) маълуманд. Изомери нисбатан собиташ 227Ac (даври нимкоҳишаш T1/2 = 21,8 сол); β-нур (98,8%) ва α-нур (1,2%) мебарорад. Изотопҳои 227Ac ва 228Ac чун ҷузъи элементҳои радиоактив дар табиат дар маъданҳои уран ва торий дучор мешаванд. Актиний дар қишри замин хеле кам (6 • 10-10 фоизи массаи он) аст. Актиний металли сафеди нуқратоб аст; ҳарорати гуд. 1050 ± 50°С. Аз сабаби радиоактивияти баланд доштан дар торикӣ суст шуоъ мебарорад. Дар ҳавои нам бо пардаи сафеди оксид пӯшида мешавад. Актиний дар пайвастҳояш 3-валента аст. Қариб ҳамаи намакҳои актиний сафед буда, дар маҳлул беранганд. Актиний ҳамаи пайвастҳои La (гидрооксид, фосфат, оксалат, карбонат, фторсиликат ва ғайра)-ро ҳосил мекунад. Гидрооксиди Ас (ОН)3 нисбат ба гидрооксиди La хосияти асосии бештар зоҳир менамояд. Хосияти химиявии актиний ва лантан бо ҳамдигар наздиканд, бинобар ин аз манбаъҳои табиӣ дар шакли тоза ҷудо кардани актиний хеле душвор аст. Актиний (227Ас) бо миқдори хеле кам бо роҳи сунъӣ дар натиҷаи бо нейтронҳо нурборон кардани 226Ra ҳосил карда мешавад. Омехтаи 227Ac бо бериллий барои ҳосил кардани манбаъҳои нейтронӣ истифода мегардад.

Актиний, 89Ac
Актиний
Талаффуз/ækˈtɪniəm/ (ak-TIN-ee-əm)
Номи дигарactinium
Рақами массавӣ[227]
Актиний дар ҷадвали даврӣ
ҳидроген ҳелий
литий бериллий бор (элемент) карбон натрий оксиген фтор неон
натрий магний алюминий силитсий фосфор сулфур хлор аргон
калий калсий скандий титан (элемент) ванадий хром манган оҳан кобалт никел мис руҳ галлий германий арсен селен бром криптон
рубидий стронсий иттрий сирконий ниобий молибден технетсий рутений родий палладий нуқра кадмий индий қалъагӣ сурма теллур йод ксенон
сезий барий лантан серий празеодим неодим прометий самарий европий гадолиний тербий диспрозий ҳолмий эрбий тулий иттербий лютесий ҳафний тантал волфрам рений осмий иридий платина тилло симоб таллий сурб висмут полоний астат радон
франcий радий актиний торий протактиний уран (элемент) нептуний плутоний америcий кюрий берклий калифорний эйнштейний фермий менделевий нобелий лоуренсий резерфордий дубний сиборгий борий ҳассий мейтнерий дармштадтий рентгений коперниcий ниҳоний флеровий московиум ливерморий теннесин оганессон
La

Ac

(Ubu)
радийактинийторий
Рақами атомӣ (Z)89
Гурӯҳгурӯҳи 3
Даврдаври 7
Блокd-блок
Категорияи элемент  Актинид, sometimes considered a метали гузаранда
Конфигуратсияи электрон[Rn] 6d1 7s2
Электронҳо аз рӯӣ ҷилд2, 8, 18, 32, 18, 9, 2
Хосиятҳои физикӣ
Фаза дар ҲФМсахт
Нуқтаи гудозиш1500 K ​(1227 °C, ​2240 °F) (estimated)[1]
Ҳарорати ҷӯшиш3500±300 K ​(3200±300 °C, ​5800±500 °F) (extrapolated)[1]
Зичӣ (наздик ба ҳ.х.)10 гр/см3
Ҳарорати гудозиши хос14 кҶ/мол
Ҳарорати буғшавии хос400 кҶ/мол
Гармигунҷоиши молярӣ27.2 Ҷ/(мол·К)
Хосиятҳои атомӣ
Дараҷаҳои оксидшавӣ+2, +3 (a strongly basic oxide)
ЭлектроманфииятҶадвали Полинг: 1.1
Қувваҳои иондоршавӣ
  • 1-ум: 499 кҶ/мол
  • 2-юм: 1170 кҶ/мол
  • 3-юм: 1900 кҶ/мол
  • (бештар)
Радиуси ковалентӣ215 пм
Color lines in a spectral range
Хатҳои спектрии Актиний
Дигар хосиятҳо
Сохтори булӯрӣface-centered cubic (fcc)
Face centered cubic crystal structure for актиний
Гармигузаронандагӣ12 W/(m·K)
Рақами CAS7440-34-8
Таърих
Кашф ва ҷудогузории аввалинFriedrich Oskar Giesel (1902)Хатои ибора: Аломати нуқтагузории шинохтанашуда "ё"
Номгузорӣ аз тарафиAndré-Louis Debierne (1899)
Изотопҳои асосии актиний
Изо­топ Мавҷу­дият Давраи ним­таҷзия (t1/2) Тарзи таҷзия Маҳ­сул
225Ac trace 10 d α 221Fr
226Ac синт 29.37 h β 226Th
ε 226Ra
α 222Fr
227Ac trace 21.772 y β 227Th
α 223Fr
| пайвандҳо
89
Актиний
227,028
6d17s2

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Kirby ворид нашудааст

СарчашмаВироиш