Актиноидҳо (аз актиний ва юнонӣ eidos – намуд, навъ) — актинидҳо, 14 элементи химиявии даври 7-уми ҷадвали даврии Менделеев, ки баъди актиний ҷойгир шудаанд. Рақами ат. Z 90 – 103. Ба актиноидҳо торий Th (Z = 90), протактиний Pa (91), уран U (92), нептуний Np (93), плутоний Рu (94), америтсий Am (95), кюрий Cm (96), берклий Вк (97), калифорний Cf (98), эйнштейний Es (99), фермий Fm (100), менделевий Md (101), элементи № 102 ва лоуренсий Lr (103) мансубанд. Ҳамаи актиноидҳо элементҳои радиоактив буда, изотопҳои устувор надоранд. Th, Pa ва U элементҳои радиоактиви табиӣ мебошанд. Онҳо аз дигар элементҳои ин гурӯҳ пештар кашф шудаанд. Актиноидҳои дигарро солҳои 1940 – 63 бо роҳи сунъӣ ҳосил кардаанд. Дар тадқиқи актиноидҳо олими америкоӣ Сиборг Г. Т. саҳми арзанда гузоштааст. Бо роҳбарӣ ва иштироки ӯ 9 актиноидҳо синтез карда шудаанд.

Хосияти кимиёӣ вироиш

Хосияти химиявии элементҳо асосан аз шумораи электронҳои қабати беруна ва андозаи радиуси атомӣ ва ионӣ вобаста аст. Аз ин сабаб хосияти актиноидҳо бо ҳамдигар наздик мебошад. Бо вуҷуди ин табиати химиявии онҳо шабеҳи лантаноидҳост. Актиноидҳо дар пайвастҳои худ дорои чунин валентҳо мебошанд: Th (3, 4), Pa (3, 4, 5), U (3, 4, 5, 6), Np (3, 4, 5, 6, 7), Pu (3, 4, 5, 6, 7), Am (3, 4, 5, 6), Cm (3, 4), Bk (3, 4), Cf ( 2, 3), Es (3), Fm (3), Md (2, 3), Эл. № 102 (2, 3). Ҳамин тавр, валентнокии 3 фақат барои актиноидҳои баъди Am ҷойгирифта хос аст. Се намояндаи аввали актиноидҳо (Th, Pa, U) дар пайвастҳои худ мувофиқан 4, 5, 6-валентаанд, зеро ба ядро наз-дик будани энергияи алоқаи 5 f ва 6 d-электронҳо дар Th, Pa ва U далели он аст, ки f-электронҳои қабати 5-ум низ электронҳои валентӣ шуда метавонанд. Аз ин лиҳоз валентнокии 3 барои элементҳои мазкур хос нест; бисёр аломатҳои онҳо ба элементҳои гурӯҳҳои IV, V ва VI шабоҳат доранд (онҳо то дер ба ин гурӯҳҳо ҷой дода шуда буданд). Аввали солҳои 40 садаи XX ақидае роиҷ буд, ки элементҳои моварои уран Np ва Рu мувофиқан ба гурӯҳҳои VII ва VIII-и – системаи даврӣ ё аз рӯи аломатҳои ба U шабоҳат доштаашон якҷоя бо U дар гурӯҳи VI ҷой дода шаванд. Сиборг Г. Т. зимни таҳлили тағйирёбии хосияти химиявии элементҳои даври 7 (хусусан кашфи актиноидҳои паси Рu), инчунин таҳқиқи аломатҳои тавсифии кристаллографӣ, спектроскопӣ ва магнитии пайвастҳои элементҳои паси Ac ва лантаноидҳо ба хулоса омад, ки элементҳои моварои уран чун аналоги актиний ҳисобида шаванд. Дар натиҷа фарзияе оид ба мавҷуд будани гурӯҳи актиноидҳо ба вуҷуд омада, баҳри кашфи Am, Cm ва актиноидҳои баъдӣ мусоидат намуд, зеро валентнокии хоси ин элементҳо ба 3 баробар аст. Бинобар наздик будани хосияти химиявии актиноидҳо онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кардан душвор аст. Бо ин мақсад усули хроматографияи мубодилаи иониро истифода мебаранд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Хайл И., Сиборг Г. Т., Трансурановые элементы, М., 1959;
  • Сиборг Г., Кац Дж., Химия актиноидных элементов, М., 1960;
  • Гольданский В. И., Новые элементы в периодической системе Д. И. Менделеева, М., 1964;
  • Лапицкий A. В., Цисурановые и трансурановые элементы, дар маҷм. Рассказывают учёные химики, М., 1964;
  • Сиборг Г., Искусственные трансурановые элементы, М., 1965;
  • Ҳайт Э., Ядерные свойства тяжёлых элементов. Трансурановые элементы, М., 1967.

Сарчашма вироиш