Акти таслими Олмони фашистӣ

Акти таслими Германия — санади ҳуқуқие, ки оташбасро дар фронтҳои зидди Олмон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон барқарор карда, аз ҷанг баромадан ва таслими онро тасдиқ мекунад.

Акти таслими Олмони фашистӣ ду маротиба имзо шудааст. Акти таслими Олмони якум «Қарори муваққатӣ оид ба таслими Олмон» ном дошта, онро намояндаи фармондеҳи олии Вермахт (Олмон) – генерал–полковник А. Ёдл, намояндаи фармондеҳи олии Иттифоқчиёни Ғарбӣ (ИМА, Англия, Франсия ва ғайра) – генерал Б. Смит ва намояндаи ИҶШС дар фармондеҳии олии иттифоқчиён – генерал–майор И. А. Суслопаров 7 майи 1945 соати 2-ву 41 дақиқа (аз рӯи вақти миёнаи аврупоӣ) дар шаҳри Реймс (Франсия) имзо карданд. Санад дар 4 забон имзо шуда, таърихи қонунӣ шуданаш (8 майи 1945) рӯзи Ғалаба дар Европа эълон гардид. Шартҳои қарор ва худсарии генерал И. А. Суслопаров, ки ҷавоби Москваро интизор нашуда, онро имзо карда буд, И. В. Сталинро қонеъ накард. Сардори СССР фармон дод, ки маршал Г. К. Жуков таслими бечунучарои Олмонро дар шаҳри Берлин аз намояндагони ҳамаи намудҳои қӯшуни фашистӣ қабул кунад. Азбаски шаҳри Берлин қариб тамоман хароб шуда буд, ин маросим дар шаҳри Карлсҳорст (наздикии Берлин) гузаронда шуд. Акти таслими Олмони дуюм «Акти таслими бечунучарои Олмон» ном дошта, 9 майи 1945 соати 00-у 16 дақиқа (аз рӯи вақти миёнаи аврупоӣ) имзо карда шуд. Онро аз ҷониби ИҶШС маршал Г. К. Жуков, аз ҷониби Олмон генерал-фелдмаршал В. Кейтел, генерал-полковник Г. Штумпф (Люфтваффе, қувваҳои ҳавоӣ), генерал-адмирал Г. фон Фридебург (Кригсмарине, қувваҳои баҳрӣ) ва аз ҷониби иттифоқчиён ҷонишини сарфармондеҳи қувваҳои экпедитсионии иттифоқӣ А. У. Теддер (Англия) имзо карданд. Ин рӯз дар ИҶШС, ба охир расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва иди «Ғалаба» эълон карда шуд. ИҶШС таслими Олмонро қабул карда бошад ҳам, лекин расман 10 сол дар ҳолати ҷанг буд. Танҳо 25 январи 1955 Укази Президиуми Совети Олии СССР қабул шуд, ки он ҳолати ҷангиро бекор кард.

Сарчашма вироиш