Аланд
Алнд, Аҳвенанмаа (шведӣ Ǻland, финнӣ Ahvenanmaa) — галаҷазира дар қисми ҷанубии халиҷи Ботникаи Баҳри Балтика.
Масоҳаташ
вироишАз 6,5 ҳазор ҷаз-ҳои шахиву сахраӣ иборат буда, аз Шимол ба Ҷануб ба масофаи 130 км кашол ёфтааст. Калонтаринашон ҷазираи Аланд (640 км2), 150-тоашон маскун. Масоҳати умумии Аланд 1481 км2. Ҳоло воҳиди маъмурии Финляндия. Ҷазираҳо аз гранит ва гнейсҳо таркиб ёфта, сатҳи теппаҳо ҳархела (баландиашон то 132 м) аст.
Иқлим
вироишИқлимашон мӯътадили баҳрӣ, бориши солона 550 мм. Ҷазираҳои маскун сербеша, аксар буттазоранд. Аҳолӣ бо моҳидорӣ, чорводорӣ ва зироаткорӣ машғуланд.
Туризм
вироишДар Аланд туризм тараққӣ кардааст, курортҳои наздибаҳрӣ дорад. Шаҳри асосиаш – Мариенхами.
Таърих
вироишАланд то соли 1809 дар ҳайати Шветсия, баъди ҷанги Россияю Шветсия (1808 – 1809) дар ҳайати Империяи Россия буд. Баъди соҳибистиқлол шудани Финляндия (1917) Аланд мавриди баҳси ҳудудии байни Финляндия ва Шветсия қарор дошт. Соли 1921 Шӯрои Лигаи Миллатҳо соҳибихтиёрии Финляндияро аз болои Аланд эътироф кард; мутобиқи Конвенсияи Женева (1921) Аланд минтақаи озод аз миллитаризатсия эълон гардид. Ин эълонро Финляндия дар арафа ва рафти Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 – 45) вайрон кард ва соли 1947 ин мақоми Аланд аз нав барқарор карда шуд (бо созишномаи сулҳ бо Финляндия).
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.