Алексей Грибов
Алексе́й Никола́евич Гри́бов (18 [31] январ 1902, Маскав[2] — 26 ноябр 1977[1], Маскав) — ҳунарпешаи рус, Артисти халқии ИШҶС (1948).
| |
Таърихи таваллуд: | 18 (31) январ 1902 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 26 ноябр 1977[1] (75 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, омӯзишгар, омӯзгори театр |
Корнома: | аз 1924 |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0340822 |
Зиндагинома
вироишБаъд аз хатми Мактаби назди студияи севвуми Театри бадеии академии Маскав, аз соли 1924 корманди ҳамин муассиса буд. Як силсила симоҳои миллии русиро офаридааст: Шмага («Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А. Н. Островский), Собакевич («Ҷонҳои мурда»-и Н. В. Гогол), Епиходов ва Чебутикин («Боғи олуболу» ва «Се хоҳарон»-и А. П. Чехов), Лука («Дар қаър»), Достигаев («Егор Буличов ва дигарон», «Достигаев ва дигарон», ҳама аз А. М. Горкий), Фома Опискин («Рустои Степанчиково ва сокинони он», аз рӯи асари Ф. М. Достоевский). Г. яке аз дурахшонтарин симоҳои саҳнаи Театри бадеии академии Маскав, устоди ҳунари таҷассумкунонист. Дар санъати ӯ содагӣ ва воқеияти олӣ бо шадидияти шакл тавъам мебошад. Аз соли 1935 дар кино нақш бозидааст (филмҳои «Ҷашн», 1944; «Гунаҳкорони бегуноҳ», 1945; «Мардуми ҷасур», 1950; «Муфаттиш», 1952; «Дӯстони содиқ», 1954); «Сарвари Чукотка», 1967 ва ғ.). Дар нақшҳои лаҳзавӣ бо истифода аз ҷузъиёти равшану ҳаракоти муассири комил тимсолофаринӣ мекард. Устоди Мактаб-студияи Театри бадеии академии Маскав, профессор (1970), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1972). Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1942, 1946, 1951, 1952).
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Грибов Алексей Николаевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
вироиш- Грибов Алексей Николаевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- А. Н. Грибов. М., 1949;
- Кульчинек Э. Р. Народный артист СССР А. Н. Грибов. М., 1979;
- Новая российская энциклопедия. Т. V (1). М., 2008.