Алексей Золотухинолим, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2016) дотсент. Аълочии маорифи Тоҷикистон (2009). Дорандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (2017).

Алексей Валерйевич Золотухин
Золотухин Алексей Валерйевич
Таърихи таваллуд 8 июн 1988(1988-06-08) (35 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ Ҳуқуқшиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (2009). Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (2017).

Зиндагинома вироиш

  • Соли 2005 Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ба итмом расонидааст.
  • Аз соли 2003 ҳамчун муаллими ҳуқуқи мактаби миёнаи №1 ноҳияи Ҳисор кор кардааст.
  • Соли 2005 вай ба Донишгоҳи Россия-Тоҷикистон (Славян) ба ҳайси мушовири ректор ба кор қабул карда шуда, ба ҳайси муаллим, муаллими калон ва баъдан дотсенти кафедраи ҳуқуқи шаҳрвандии факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.
  • Аз соли 2010, коршинос-таҷрибаомӯз, омӯзгори кафедраи фанҳои давлатӣ - ҳуқуқӣ ва роҳбари клуби мубоҳисавии "Ҷавонон ва қонун".
  • Аз соли 2013 устоди кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи муқоисавӣ.
  • Аз моҳи декабри соли 2012 то марти 2015 ба ҳайси декани факултети ҳуқуқшиносии ДСРТ кор кардааст.
  • Аз моҳи марти соли 2015 то моҳи майи соли 2017 мудири кафедраи ҳуқуқи шаҳрвандии факултаи ҳуқуқшиносии ДСРТ буд.
  • Аз соли 2015 - узви Шӯрои илмии машваратии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Аз моҳи майи соли 2017 декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянииРусия-Тоҷикистон таъйин шудааст.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Соли 2009 рисолаи номзадии илмҳои ҳуқуқиро дар мавзӯи "Танзими ҳуқуқии суғуртаи ҳатмии амвол дар қонуни шаҳрвандӣ" дифоъ кардааст. Соли 2016 дар мавзӯи "Таъмини ҳуқуқии суғуртаи хавфҳои соҳибкорӣ дар қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.[1] Беш аз 50 асари нашршуда, аз ҷумла 3 монография ва 2 китоби дарсӣ дорад.[2]

Ҷоизаҳо вироиш

Соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.[2]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш