Ализарин — навъе аз моддаҳои рангубор. Кристалли норанҷии сурхтоб, ҳарор. гудозиш 289°С. Дар об бад, дар спирти этил беҳтар, дар бензол, кислотаи атсетат ва ишқор нағз ҳал мешавад. Ализарин дар решаи рӯян (Rubia tinctorium) дар намуди гликозид (кислотаи рубэритрин) вуҷуд дорад. Аз гликозиди мазкур ализарин дар натиҷаи гидролиз ҳосил карда шудааст. Сохтори ализаринро соли 1869 олимони немис К. Гребе ва К. Т. Либерман муайян карданд. Ализарин аввалин ранги табиист, ки дар натиҷаи бромонидани антрахинон ва бо ишқор гудохтани дибромантрахинони ҳосилгашта синтез карда шудааст. Ализарин ба гурӯҳи рангҳои антрахинонӣ мансуб аст. Бо намакҳои баъзе металлҳои сервалента пайвастҳои комплексии рангнок – лок ҳосил мекунад, масалан, бо намакҳои алюминий ранги сурхи равшан, оҳан – ранги бунафш, хром – ранги ҷигарӣ ва ғайра Локи алюминийи ализарин (краплак)-ро барои тайёр кардани рангҳои рассомӣ ва дар соҳаи полиграфия кор мефармоянд. Дар Институти химияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи ҳосилаҳои ализарин усули олкории нах ва плёнкаи поливинилӣ дарёфт шудааст, ки ранги ашёро ба таъсироти беруна устувор мекунад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Неницеску К. Д., Органическая химия, т. II, М., 1963;
  • Каррер П., Курс органической химии, Л., 1962;
  • Несмеянов A. Н., Несмеянов Н. А., Начало органической химии, т. II, М., 1970;
  • Смич В., Бочков А., Кейпл Р., Органический синтез, М., 2001.

Сарчашма вироиш