Ҳакими Тирмизӣ

(Тағйири масир аз Алии Тирмизӣ)

Алии Тирмизӣ, Ҳакими Тирмизӣ (ар. الحكيم الترمذي‎; 820[1], Тирмиз905 ё 910, Тирмиз) — шоир, фақеҳ, муҳаддис ва орифи хуросонӣ, яке аз нависандагони бузурги мутақаддими тасаввуф.

Ҳакими Тирмизӣ
Таърихи таваллуд: 820[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 905 ё 910
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: илоҳиётшинос
Забони осор: арабӣ[2]

Зиндагинома вироиш

Фаридуддини Аттор дар «Тазкирату-л-авлиё» Алии Тирмизиро чун шахси донишманду хушфазилат ва «дар фунуну улум комил» тавсиф намудааст. Ба шарофати фазлу дониш унвони «Ҳакимулавлиё» гирифта буд. Алии Тирмизӣ ба сабки рубоиёти халқӣ рубоиҳо эҷод кардааст. Азбаски рубоиёти аксар шоирони мутасаввиф ба ҳамин сабк аст, рубоиёти Алии Тирмизӣ ҳам бо ашъори шоирони дигар омехта шудаанд ва аз онҳо рубоиёти ба ӯ тааллуқдоштаро ҷудо кардан душвор аст. Ба қалами Алии Тирмизӣ инчунин рисолаҳои динию ирфонӣ тааллуқ доранд. Рисолаҳои мазкур шомили пораҳоеанд, ки ақидаҳову андешаҳои пандуахлоқӣ, андарзиву ҳакимонаро дар бар мегиранд. Дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии ӯзбекистон мақбараи Алии Тирмизӣ барҷост, ки чун ёдгории таърихӣ дар муҳофизати давлат аст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш