Алии Ҳиравӣ

(Тағйири масир аз Алии Ҳиротӣ)

Алӣ ибни Абубакр ибни Алии Ҳиравӣ (форсӣ: علی بن ابوبکر بن علی هروی‎; 1147, Ҳирот — 1215, Ҳалаб) — сӯфӣ, ориф, шайх, ҷаҳонгард ва ҷуғрофиёдони арабинависи форс-тоҷик

Алии Ҳиротӣ
Таърихи таваллуд 1147[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1215(1215)
Маҳалли даргузашт Ҳалаб
Пеша гардишгар, нависанда, шоир

Зиндагинома вироиш

Аслан ҳиротист. Ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна борҳо саёҳат намуда, дар давраҳои гуногун ба Миср, Арабистон, Байнаннаҳрайн, Эрон, Ҳиндустон, Рум, Ситсилия ва Фалас тин рафтааст. Аксари қайдҳои сафарии Алии Ҳиротӣ соли 1192, ҳангоми хусрони киштӣ дар соҳилҳои Сурия, назди шаҳри Акка нобуд шудаанд.

Аз осори Алии Ҳиротӣ то замони мо ба забони арабӣ порчаҳои ҷудогона ва тарҷумаи комили «Китобу-л-ишорат илал-маърифати-з-зиёрат» расидаанд. Дар осори Алии Ҳиротӣ жанри ёддоштию тарҷумаиҳолии «Кутуб-уз-зиёрат» ба жанри космографии адабиёти географии асримиёнагии «аҷоиб» алоқаманд гардонда шудааст. Муаррихони араб ва географҳои давраҳои баъдина (Ибни Холликон, Ёқути Ҳамавӣ ва дигарон) асарҳои Алии Ҳиротиро васеъ истифода мебурданд.

Аксари қайдҳои сафарии Алии Ҳиротӣ ҷанбаи ҳуҷҷатӣ дошта, ё дар асоси мушоҳидаҳои шахсӣ ва ё дар заминаи ҳикояти шоҳидон тасвир шудаанд. Масалан, соли 1175 ҳодисаи оташфишонии вулқони машҳури Этнаро (дар Ситсилия) аз рӯи ривоятҳо, юриши аҳли салибро (1173 – 1174) ба Байтулмуқаддас аз мушоҳидаи худ тасвир кардааст. Алии Ҳиротӣ аз рӯи нақли шоҳидон ҷойҳои таърихии Мағриб ва Ҳабашистонро муфассал ба тасвир овардааст.

Эзоҳ вироиш

  1. арабская Википедия — 2003.

Адабиёт вироиш