Алиқул Утаганов (тав. 6.01.1945, деҳаи Арали ноҳияи Кӯйбышев (имрӯза А. Ҷомӣ), географ, номзади илмҳои география (1978).

Алиқул Утаганов
Алиқул Утаганов
Таърихи таваллуд 6 январ 1945(1945-01-06) (79 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҷомӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ география
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1962–1966 дар факултети географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1966–1969 корманди Кумитаи кор бо ҷавонони ноҳияи Кӯйбышев, 1969–1972 котиби ҳизбии хоҷагии Ёвон – 4 буд. Соли 1972 ба кафедраи географияи иқтисодии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ба кор омадааст. Аз соли 1978 дар кафедраи географияи иқтисодии донишкадаи омӯзгории пойтахт ҳамчун муаллим, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра ва мудири кафедра кор кардааст. Солҳои 1988–1991 муовини президенти Ҷамъияти географии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1991–1994 президенти ҷамъияти мазкур буд. Аз соли 1995 то ба имрӯз дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2004 ҳамчун мудири кафедраи мазкур кор карда, айни ҳол мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад. Муаллифи зиёда аз 50 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст, ки дар онҳо масъалаҳои рушди пахтакорӣ, боғдориву ангурпарварӣ, азхудкунии заминҳои нав, ташкили минтақавии истеҳсолот ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Осор вироиш

  • Структура сельского хозяйства Юго-западного Таджикистана. Научные труды, Д., 1973;
  • Перспективы Явано-Обикиикской долины, Д., 1974;
  • Горные и предгорные сады (на уз.яз.), Ташкент, 1980;
  • Богарное виноградарство, Д., 1977;
  • Мировая экономика ( Учебное пособие), Д., 2001;
  • Иқтисодиёти ҷаҳонӣ (Дастури таълимӣ), Д., 2004;
  • Иқтисодиёти ҷаҳон (Курси лексияҳо), Д., 2006;
  • Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ (Курси лексияҳо), Д., 2007;
  • Роль государства в развитии международного туризма, Д., 2007.

Пайвандҳо вироиш