Аллопатия (аз юнонӣ allos – дигар ва pathos – кулфат) — истилоҳест, ки аз тарафи духтури немис С. Ганеман барои ифодаи самти муқобил (истеъмоли доруҳое, ки аломати ба зуҳуроти бемории мазкур муқобилро пайдо мекунанд) ба гомеопатия пешниҳод карда шудааст. Аллопатия барои тибби муосир зарурат надорад, зеро ҳангоми табобат ба раванди маризӣ бо мақсади рафъ сохтани он таъсир мерасонанд, на барои зоҳир намудани он.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш