Муробитун

(Тағйири масир аз Алмуробитун)

Муробитун (ар. المرابطون‎) — сулола ва давлати феодалӣ (миёнаи садаи XI – 1146). Дар натиҷаи ҳаракати қабилаҳои барбар таҳти роҳбарии Абдуллоҳ ибни Ёсин дар Африқои Шимолӣ ба вуҷуд омад. Маркази ҳаракат работи Абдуллоҳ ибни Ёсин, воқеъ дар ҳудуди ҳозираи Мавритания буд. Пайравони онҳо аслан ҳарҷоя буда, дар муборизаи зидди “душманони мазҳаб” ҳунари ҳарбӣ меомӯхтанд. Муробитун “кофирон” ва “ҳокимони саркаш”-ро торумор ва “андозҳои ғайриқонунӣ”-ро бекор намуданд, ки ин таваҷҷуҳ ва хайрхоҳии оммаи халқро ба вуҷуд оварда, боиси муваффақият пайдо кардани ҳаракат гардид. Алмуробитун дар миёнаи садаи XI Марокаши ҷанубиро забт кард. Амирони қабилаи Лемтун (номи пешинаи Алмуробитун) Яҳё ибни Умар (вафот 1056) ва додараш Абубакр (1059 – 88) сарфармондеҳони ҳарбӣ буданд. Соли 1061 Юсуф ибни Ташфин амакаш Абубакр ибни Умарро аз роҳбарии ҳаракат дур карда, унвони “амирулмуслимин”-ро гирифт ва баъди марги Абубакр сарвари динӣ ва дунявии алмуробитун гардид. Соли 1090 мусулмонони Испанияро тобеъ кард. Андозҳои беҳисоб, бедодгариҳои ҳарбиёну ҳукуматдорон ва низоъҳои мазҳабӣ дар давраи ворисони ибни Ташфин норизоии халқро ба вуҷуд овард. Дар натиҷа давлати алмуробитун инқироз кард ва аз тарафи Алмуваҳҳидун барҳам дода шуд.

Муробитун
Таърихи таъсис 1040
Нигора
Симмати мудирияти созмон Almoravid emir[d]
Забони расмӣ Berber[d]
Қитъа Африқо ва Аврупо
Кишвар
Пойтахт Azougui[d], Марокаш[d] ва Azougui[d]
Навъи ҳукумат подшоҳӣ
Пули миллӣ динор[d]
Баъдӣ Хилофати Муваҳҳидун[d]
Иваз шуд ба Хилофати Муваҳҳидун[d]
Ба ҷои taifa (first period)[d], Taifa of Granada[d] ва Taifa of Ceuta (1061-1084)[d]
Забони мавриди корбурд Andalusi Romance[d], Berber[d] ва арабӣ
Таърихи фурӯпошӣ 1147
Тасвири нақшаи мавқеият
 Парвандаҳо дар Викианбор

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш