Алокӯл дар Тоҷикистон, қаторкӯҳи Зарафшон, дар саргаҳи деҳаи Зиндон (шохоби дарёи Киштут ҳавзаи дарёи Зарафшон). Масоҳаташ 0,32 км². Аз соли 1918 дар натиҷаи кандашавии кӯҳ ва банд шудани водии деҳаи Зиндон пайдо шудааст. Манбаи об пирях ва барфҳои доимӣ мебошад. Аз назди кӯл аз водии дарёи Киштӯд ба Искандаркӯл пайроҳаи сайёдон мегузарад. Топоними Ало ба гурӯҳи гидронимҳо мансуб буда, аз нигоҳи баромад мутааллиқи забони тоҷикӣ аст ва маънояш дар баланди воқеъ будани чизе аст.[1]

Ало
Макон
Кишвар
МинтақаВилояти Суғд

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Ҳомидов Д. Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 122. — 470 с.(тоҷ.)