Ал-Феҳрист

(Тағйири масир аз Ал-феҳрист)

«Ал-Феҳрист», Ал-Феҳристк-л-улум, Китобу-л-феҳрист (ар. کتاب الفهرست‎) — асари энсиклопедии Ибни Надим.

Ал-Феҳрист
Нигора
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) al-Fihrist (Dār al-Maʻrifah lil-Ṭibāʻah wa-al-Nashr, 1417h)[d]
Нависанда Ибни Надим
Забони навиштаҷот ё осор/асар арабӣ

Муаарифӣ вироиш

Дар он таърихи луғат, адабу дин, фалсафаю ирфон ва дигар соҳаҳои фарҳанги исломӣ аз давраҳои қадими пеш аз ислом то замони зиндагии муаллиф (асри 10) гирдоварӣ шудаанд. Асар хусусияти китобшиносӣ, маърифатӣ ва иттилоотӣ дорад. Ибни Надим кӯшиш намудааст, ки дар «Ал-феҳрист» феҳристи тамоми илмҳо ва осори роҷеъ ба онҳо ба забони арабӣ таълифгардидаро бо зикри муаллифонашон ҷамъоварӣ намояд. Шеваи нигориши «Ал-феҳрист» аз дигар феҳристҳо, аз ҷумла аз «Табақот-ул-атибоъ ва-л-ҳукамо»-и Ибни Ҷалҷал фарқ дорад. Он ягона манбаи муътамад дар соҳаи улум ва китобшиносии аҳди аввали ислом шинохта шудааст.

Бобҳо вироиш

«Ал-феҳрист» аз 10 боб (мақолаи даҳгона) иборат аст, ки ҳар боб шомили чанд фасл (фан) мебошад.

Дар боби аввал таснифи луғот, феҳристи китобҳои дини ислом ва дигар адён, ситоиши Қуръон ва номи китобҳои таълифшуда дар улуми қуръонӣ бо муқаддимае аз хату забонҳои миллатҳои гуногун оварда шудааст.

Боби дуюми «Ал-феҳрист» роҷеъ ба улуми сарфу наҳв баҳс мекунад.

Дар боби сеюми «Ал-феҳрист» матолиби вобаста ба фаъолияти шаҳриёрону надимон, кормандони девон, котибону адибон ва нависандагон инъикос ёфтаанд.

Боби чаҳоруми асар дар бораи шеъру шоирӣ буда, дар он ду турфа адибон — шоирони давраи ҷоҳилияи араб ва даврони исломӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар боби панҷум роҷеъ ба илми калом ва мутакаллимони мӯътазила, мурҷиа, ахбори мутакаллимони шиъа, имомияву зайдия, фирқаҳои мурҷиаву ҳашвия, хавориҷ ва фаъолияту таълимоти зоҳидону обидону суфиён маълумот оварда шудааст.

Боби шашуми «Ал-феҳрист» пурра ба фиқҳ ва фаъолияти фақеҳону муҳаддисон, ахбори Абуҳанифа, Имом Шофеӣ, ахбори Довуд ва суннати шиъа бахшида шудааст.

Боби ҳафтум «Дар фалсафа ва улуми қадим» ном дорад. Дар он роҷеъ ба файласуфон, аз ҷумла табииён, мантиқиён, риёзиён, муҳандисон, мусиқишиносон, мунаҷҷимон, номи осору олоти мавриди истифодаи онҳо ва тарҷумаи китобҳои тиббӣ маълумоти муфид баён гардидааст.

Боби ҳаштум дар мавриди хурофотпарастӣ, афсунгароӣ, шуъбадабозӣ, соҳирӣ ва китобҳои марбут ба он баҳс мекунад.

Боби нуҳуми «Ал-феҳрист» ба шарҳу баёни мазоҳибу ақоид оид буда, дар он мазҳабҳои собеиёни келдонӣ, таълимоти сонавия (дуализм), монавия, дайсония, хуррамия, маздакия ва маркиён ҳамроҳ бо адёни ҳиндуёну чиниён ва дигар халқҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Боби даҳуми «Ал-феҳрист» пурра дар бораи санъати кимиёгарии Ҷобир ибни Ҳайён, осори ӯ ва фаъолияти шогирдони Ҷобир — Зуннуни Мисрӣ, Закариёи Розӣ, Ахмимӣ, Солеҳи Алавӣ, Ибни Сулаймон ва дигарон баҳс мекунад.

Дар таълифи «Ал-феҳрист» Ибни Надим аз маъхазҳои гуногун, аз ҷумла тафсирҳои мухталиф ба Таврот, осори Афлотуну Арасту, Ҷолинус ва дигар осори олимони юнонӣ, ки дар аҳди аввали ислом ба арабӣ тарҷума шуда буданд, инчунин осори олимони соҳаҳои гуногуни илм ба забони арабӣ истифода намуда, бардоштҳои шахсии худро аз баҳсу ҷадал бо намояндагони дину ҳикмати фалсафа ва соири улуми замона дар асараш ҷой додааст. Бори нахуст олими австриягӣ Гус тав Флюгел нусхаҳои хаттии «Ал-феҳрист»-ро ҷамъоварӣ намуда, онро дар як нусхаи ҷомеъ тасҳеҳ кард ва пас аз марги ӯ бо кумаки Родигер ва Мюллер дар Лейбсиг ба чоп расид (1871). Муҳаммад Ризои Таҷаддуд дар Теҳрон «Ал-феҳрист»-ро дар тарҷумаи форсии он соли 1968 чоп намуд. Соли 1970 «Ал-феҳрист» дар Нию Ёрк ба тавассути Боёрди Дог ба забони англисӣ тарҷума ва дар ду нусха чоп шуд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Муҳаммад Исҳоқ ибни Надим, Ал-феҳрист. Т., 1381, ҳ. ш.
  • Ал-Феҳрист // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.