Аминоспиртҳо, аминоалкоголҳопайвастҳои органикие, ки дар атомҳои карбони молекулаашон гурӯҳҳои – NH2 ва – OH мавҷуданд.

Хоситяҳо вироиш

Моддаҳои равғанмонанд буда, хосияти асосӣ доранд. Аминоспиртҳоро аз окиси этилен ва алкиленҳои дигар бо таъсири аммиак ё аминҳо ҳосил кардан мумкин аст. Усули дигари ҳосил кардани аминоспиртҳо низ вуҷуд дорад, мас., аз галогенгидринҳо зери таъсири аммиак, аминҳо ё фталамиди калий, бо роҳи барқарор намудани аминоалдегидҳо, аминокетонҳо ва эфири кислотаҳои аминокарбонат. Аминоспиртҳо, хоса этаноламин, моеи ғализ (ҳарор. ҷӯшишаш 171°С) буда, дар таркиби фосфатидҳо вомехӯрад. Онро аз окиси этилен ё этиленимин ҳосил кардан мумкин аст.

Ҳосилаҳо вироиш

Бо кислотаҳо намак ҳосил мекунад. Ҳосилаи он – димедрол хосияти зиддиаллергӣ ва хобоварӣ дорад. Холин низ мансуби аминоспиртҳо аст. Дар таркиби липидҳои мураккаб вуҷуд дорад. Ҳамчун моддаи витаминмонанд дар организм мубодилаи чарбро ба танзим медарорад. Эфири холин ба кислотаи атсетат – атсетилхолин нейромедиатор (интиқолдиҳандаи импулсҳо дар бофтаҳои асаб) мебошад. Он дар организм дар натиҷаи атсетилонии холин зери таъсири атестилкоферменти аминоспиртҳо ҳосил мешавад. Ҳосилаҳои дигари холин – атестилхолинхлорид, карбамоилхолинхлорид (карбаҳолин), суксинилхолинйодид (дитилин) ва ғ. низ дар тиб корбаст мешаванд. Доруҳои холин давои бемориҳои ҷигар мебошанд. Катехоламинҳо, яъне аминҳои биогенӣ низ ба аминоспиртҳо мансубанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Степаненко Б. Н., Курс органической химии, М., 1979;
  • Тюкавкина Н. А., Бадков Ю. И., Биоорганическая химия, М., 1985;
  • Самиев М., Методические разработки по теоретическому курсу биоорганической химии, ч. I, Д., 1984.

Сарчашма вироиш