Аминҷон Норқулович Бақоев (11.11.1940, гуз. Сӯзангарони ш. Самарқанд) — иқтисоддон, номзади илми иқтисод (1968), дотсент (1971). «Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон». (1979), «Аълочии маорифи халқи СССР» (1991), «Аълочии таҳсилоти олии Ӯзбекистон» (1999).

Аминҷон Бақоев
Аминҷон Норқулович Бақоев
Таърихи таваллуд 11 ноябр 1940(1940-11-11) (84 сол)
Зодгоҳ Самарқанд
Кишвар  Ӯзбекистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Институти хоҷагии қишлоқи Самарқанд

Зиндагинома

вироиш

Аминҷон Норқулович Бақоев фак. зоотех. Институти хоҷагии қишлоқи Самарқандро хатм кардааст (1962). Мутах. калон ва инспектор-ташкилотчии Упр. минтақавии хоҷ. қишлоқи н. Нарпайи вилояти Самарқанд (1962–1963). Охирҳои соли 1963 ба Душанбе омадааст: аспиранти ИТИ хоҷ. қишлоқи ҶТ (1964–68). Бо супориши роҳбарияти Ваз. хоҷ. қишлоқи ҶТ ҳамроҳи гурӯҳи мутах. лоиҳаи «Махсусгардонӣ ва ҷойгиронии соҳаҳои хоҷ. қишлоқ дар ноҳияҳои водии Вахши Тоҷикистон»-ро тарҳрезӣ кардааст. Минбаъд ход. хурд (1968–69), ход. калони илмии шуъбаи иқт. ИТИ хоҷ. қишлоқи ҶТ шуда кор кардааст (1969–1971). Соли 1971 ба Самарқанд кӯчидааст. Муаллими калон, дотсенти каф. иқт. сиёсӣ, ҷон. декани фак., ноиби рек. оид ба корҳои таълимии Ин.-ути пед. Самарқанд ба номи С. Айнӣ (1971–1991), дотсенти каф. назарияи иқт. ДДС ба номи А. Навоӣ (1992–1996), дотсенти каф. илмҳои ҷамъиятшиносӣ, декани фак. туризми байналхалқӣ, муов. рек. оид ба иқт. ва соҳибкорӣ, дотсенти каф. фалс. ва иқт. Институти заб. хориҷии Самарқанд (1996–2007), ҳамзамон дир. Бизнес-инкубатори «Ипак йӯли»-и назди Институти мазкур, дотсенти каф. илмҳои ҷамъиятшиносӣ, профессори фахрии Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони вилояти Самарқанд (2007–2010). Аз с. 2011 – бознишаста. Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаи илмӣ ва илмии оммавӣ. Бо нишони «Истиқлоли Ҷум. Ӯзбекистон», мед. «Ветерани меҳнат» мукофотонида шудааст.[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6