Ангезиш — қобилияти ба таъсири муҳити берунӣ ва дохилӣ ҷавоб гардонда тавонистани организми зинда. Тағйироти омилҳои муҳити беруна боиси дигаргунии мубодилаи моддаҳо мешавад; организми зинда аз ҳолати нисбатан ором ба ҳолати фаъол мегузарад. Материяи зинда ангезишро ҳис карда, ба он бо ҳолати тағйирёбии ғайримахсус (тез шудани мубодилаи моддаҳо, тағйир ёфтани потенсиали электрӣ, ҳолати физколлоидии протоплазма) ё махсус (гузарондани импулси асаб, кашиш хӯрдани мушак, ҷудо шудани луоб) ҷавоб мегардонад.

Ҳамчунин нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш