Ангиля
Анги́ля (Брит.) (англ. Anguilla, талаффуз [æŋˈɡwɪlə]) — давлат, мулки Британияи Кабир. Дарозии Ангиля қад-қади соҳил 61 км, масоҳаташ 108 км2, аҳолиаш 14436 нафар (2009).
англ. Anguilla | |||||
|
|||||
[[Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}|Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}]] | |||||
![]() |
|||||
Забонҳои расмӣ | инглисӣ | ||||
Пойтахт | The Valley[d] | ||||
ММД (БҚХ) | |||||
· Ҳамагӣ | $108.9 миллион долл. | ||||
Воҳиди пул | Eastern Caribbean dollar[d] | ||||
Интернет-домен | .ai | ||||
Рамзи ISO | AI | ||||
Пешшумораи телефон | +1264 | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC−04:00[d] |
Пойтахташ шаҳри Валли.
Воҳиди пулӣ — доллари Кариби Шарқӣ.
ҶуғрофиёВироиш
Дар ҷазираи ҳамноми гурӯҳи Ҷазираҳои Хурди Антил, дар Вест-Индия воқеъ гашта, дар шимол бо Уқёнуси Атлантик, дар ҷануб бо Баҳри Кариб ҳамсарҳад аст. Ба ҳайати Ангиля якчанд ҷазираҳои хурд (калонтаринаш Сомбреро) вориданд.
ТабиатВироиш
Ҳудуди Ангиля борику дароз ва ҳамвор (нуқтаи баландтаринаш аз с. б. 65 м) аст. Хокаш асосан аз оҳаксанг иборат буда, атрофаш бо рифҳои марҷонӣ иҳота шудааст. Кони намак ва захираи фосфат дорад.
ИқлимВироиш
Иқлимаш тропикии пассатӣ, гарм. Набототи Ангиля саваннагии хушкидӯст. Соҳилҳои Ангиля аз моҳӣ ва дигар ҳайвоноти баҳрӣ бой аст.
АҳолӣВироиш
92 фоизи аҳолии Ангиля америкоиҳои африкоинажод, боқимонда — дурагаҳо ва сафедпӯстон. Забони расмӣ — англисӣ. Аҳолӣ мӯътақиди ҷараёнҳои гуногуни динӣ буда, протестантизм бартарӣ дорад.
ИқтисодВироиш
Иқтисоди Ангиляро асосан соҳаи хидматрасонӣ, шикори ҳайвоноти баҳрӣ, истеҳсоли конструксияҳои оҳанубетонӣ, ром, истихроҷи намак ва фосфат ташкил медиҳад. Савдояшро асосан бо ИМА, Тринидад ва Тобаго, Британия ба роҳ мондааст. Соҳаи кишоварзӣ он қадар тараққӣ накардааст. Барои таъмини эҳтиёҷоти дохилӣ картошка, нахӯд, ҷуворимакка, чойҷуворӣ кишт мекунанд; бо чорводорӣ — парвариши гӯсфанд, буз, хук ва парандапарварӣ машғуланд. Роҳҳои автомобилгард (105 км), бандарҳои баҳрӣ ва аэропорти байналхалқӣ дорад.
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.