Ангушт (ченак)
Ангушт — ченаки қадимии форсу тоҷикии дарозӣ, ки ба вусъати банди (буғуми) ангушти хамида баробар аст. Мувофиқи дастхатҳои асримиёнагӣ ангушт баробари 6 донаи ҷави пайиҳам гузошташуда ё 36 қили аспи корӣ мебошад. Ангушт ҳамчун ченаки мустақил ва бунёдии дигар ченакҳои дарозӣ (1/24 газ) истифода мегардид. Дар мамолики исломии асримиёнагӣ ду намуди ангушт маъмул буд: ангушти гази шаръӣ — 2,078 см (1/24 ҳиссаи аз-зираъ аш-шаръийа) ва ангушти гази «сиёҳ» — 2,252 см (1/24 ҳиссаи аз-зираъ ас-саъудӣ). Дар Осиёи Миёнаи садаи XIX — аввали 20 баробари 2,18—2,28 см буда, дар Бухорои Шарқӣ лик ё чилик, дар Помири Ғарбӣ ангихт номида мешуд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Ангушт / М. Холов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.