Андоз аз молу мулки ғайриманқул

Андоз аз молу мулки ғайриманқул — навъи андоз, ки ба буҷети маҳаллӣ ворид мешавад. Супорандагони ин намуд андоз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, яъне моликон ва истифодабарандагони молу мулки ғайриманқул мебошанд.

Объектҳои андозбандӣ: хонаҳои истиқоматӣ, ҳуҷраҳо, бӯстонсаройҳо, гаражҳо ва дигар биною иморату иншоотҳое мебошанд, ки ҳамчун молу мулки ғайриманқул эътироф шудаанд. Манбаи андоз масоҳати ҳамаи ошёнаҳои молу мулки ғайриманқул (ба истиснои иншоотҳо) мебошад, ки бо дарназардошти зарибҳо тасҳеҳ шудааст. Манбаи андоз барои иншоотҳо масоҳати замине ба ҳисоб меравад, ки дар амал онҳо ишғол намудаанд. Ҳангоми ҳисоб кардани манбаи андоз масоҳати ошёнаи якум, таҳхона, болохона, ошёнаҳои 2 — 5 ва ғайра тартиботи хос муқаррар шудааст.

Имтиёзҳо оид ба ин андоз вуҷуд доранд; молу мулки ғайриманқули ташкилотҳои буҷетӣ ё корхонаҳое, ки на камтар аз 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкил медиҳад, андозбандӣ намешавад; молу мулки ғайриманқули Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамонони Тоҷикистон, шахсоне, ки бо се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 — 45), шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ ва ғайра; иншооти роҳҳои оҳани истифодаи умум, роҳҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум, қубурҳои интиқоли магистралӣ, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншооте, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, андозбандӣ намегардад.

Меъёри андоз аз молу мулки ғайриманқул дар ҳаҷми карат аз меъёри андози замин муқаррар карда шудааст; молу мулки ғайриманқул, дар шакли бинои истиқоматӣ — ба андозаи 15-карата; молу мулки ғайриманқул барои мақсадҳои тиҷоратӣ, нуқтаҳои хӯроки омма ва хидматрасонии маишӣ — ба андозаи 60-карата ва ғайра.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш