Андре́а дел Верро́кко (итол. Andrea del Verrocchio), номи аслӣ: Андреа ди Микеле Чони (итол. Andrea di Michele Cioni; тақрибан 1435[1][2][3][…] ё 1435[4], Флоренсия[d][1][5][3][…]7 октябр 1488[6][7][3], Венетсия[3][4]) — рассом ва ҳайкалтароши итолиёии аҳди Кватроченто.

Андреа Веррокко
итол. Andrea del Verrocchio
Суратҳо
Таърихи таваллуд тақрибан 1435[1][2][3][…] ё 1435[4]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 7 октябр 1488[6][7][3]
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр такчеҳра[8][9], religious art[d][8][9], ҳунари бараҳна[d][9], figure[d][9] ва ҷонварон дар ҳунар[d][9]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Дар назди Верроккои заргар шогирд буд ва номи ӯро ба меросӣ гирифт. Асосан дар Флоренсия дар қасри Медичи кор кардааст. Мақбараи Перо ва Ҷованни Медичи дар калисои Сан-Лоренсо (1472), ҳайкали хушандоми Довуд (биринҷӣ, тақр. 1475), тасвири барҷастаи нуқрагини «Сар задани Иоанн Предтечи» (1480), гурӯҳи ҳайкалҳои биринҷии «Беэътиқодии Фома» (1483), як силсила нимпайкараҳои муассир сохтааст. Асари асосии ӯ ҳайкали боҳашмати кондотер Б. Коллеони дар Венетсия (1479—1488) мебошад, ки хислатҳои қаҳрамонии сарлашкарро таҷассум кардааст. Шакли сареҳи ҳайкалтарошӣ ба корҳои рассомии ӯ низ хос аст («Товий ва фаришта», тақр. 1473). Андреа Веррокко устоди Леонардо да Винчи буд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш