Ансамбли эстрадии «Ориё»

Ансамбли эстрадии «Ориё» - дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ мебошад. Ҷойгоҳи ансамбли эстрадии «Ориё» дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе воқеъ аст.

Таърих

вироиш

Ансамбли эстрадии «Ориё» мусиқии эстрадии тоҷикро муаррифӣ намуда, барои тараннум ва васфи эстрадаи тоҷик соли 2008 дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамбли эстрадии «Ориё» ташкил гардид. Аз замони таъсисёбии ансамбл ҳунармандони зер роҳбари бадеии онро ба зимма доштанд: Зикриоллоҳ Ҳакимов аз соли 2008 то моҳи апрели соли 2009; Баҳодур Неъматов аз моҳи апрели соли 2009 то соли 2010; Муҳаммадрофеъи Кароматулло аз соли 2010 то имрӯз. Ҳамчунин, дар ансамбли эстрадии «Ориё» сарояндаҳо Тоҷиддин Қурбонов, Муҳаммадҷон Неъматов, Нозияи Кароматулло, Меҳрнигори Рустам, Боғигул Саидова, Зайдулои Шамсулло, Асҳоб Исмоилов, Фирдавси Даврон ва дигарон фаъолият доранд.[1]. Ҳунарнамоиҳои сарояндаҳои ансамбли эстрадии «Ориё» дар телевизиону радиоҳои ватанӣ бисёр намоён шуд ва мардум сурудҳои санъаткоронро бо ишқу муҳаббат гӯш мекунанд. Ҳоло Муҳаммадрофеъи Кароматулло роҳбари бадеии ансамбли эстрадии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[2]

Нигаред

вироиш