Апеллятсия (аз лот. appellatio — муроҷиат) — дар ҳуқуқ шикоят, аризаи шикоят, муроҷиат ба афкори умум.

Яке аз намудҳои шикоят аз болои қарори ба қувваи қонун надаромадаи суд дар мурофиаи ҷиноятӣ ва гражданӣ. Суди болоӣ ба тариқи апеллятсия моҳияти қарори суди поёниро тафтиш карда, бори дуюм далелҳои исботкунандаи дар кор мавҷудбуда ва нав иловашударо санҷида, қарори судротасдиқ мекунад ё онро бекор намуда, қарори нав мебарорад. Апеллятсия аз кассатсия бо он фарқ мекунад, ки суди болоӣ ҳангоми кассатсия қарори нав бароварда наметавонад, балки корро барои аз нав дидан ба суди поёнӣ мефиристонад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш