Ардавони IV

(Тағйири масир аз Артабони V)

Ардавони IV, Артабони V (паҳлавӣ: 𐭓𐭕𐭐𐭍, дар мутолеъоти қадимӣ ба иштибоҳ ба унвони Ардавони V шинохта мешавад[1]; асри II, Сатрапии Порт[d]224, Сатрапии Порт[d]) — охирин подшоҳи Шоҳаншоҳии Ашконӣ (216—224), писари Балоши V.

Ардавони IV
Таваллуд асри II
Даргузашт 224
Дудмон Дудмони Ашконӣ
Падар Балоши V
Фарзандон Artavazdes[d], Аршак[d] ва Мурруд Бону
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳукмронӣ вироиш

Баъд аз падараш Балоши V дар байни солҳои 209—224 ҳукмронӣ кардааст. Пеш аз ба тахти подшоҳӣ нишастан ӯ ҳокими Мод буд ва бародараш Балоши IV ҳокими Байнаннаҳрайн. Ибтидо миёни ин ду бародар барои соҳиб шудан ба тахту тоҷи шоҳаншоҳӣ ҷанги худӣ сар зад ва ба Артабони V муяссар гардид, ки ҳокимиятро дар дасти худ нигоҳ дорад. Ҳамзамон бо ин ҳодисаҳои дохили Эрон императори Рум барои ҳамла ба Эронзамин омода шуд. Вай роҳи ҳилаю найрангро пеш гирифта, дар соли 216 ба Артабони V нома навишт ва ба хотири иттиҳоди ду кишвар ба духтари ӯ хостгор шуд. Артабони V дархости вайро пазируфт ва императори Рум бо сипоҳи бисёр ба сӯи пойтахти Ашкониён ҳаракат кард. Ҳангоме ки Артабони V ва ҳамроҳони бесилоҳаш ба хотири истиқболи римиҳо ба беруни пойтахти кишвар шаҳри Тайсафун баромада буданд, лашкари римиён ба ин мардуми бесилоҳ ҳамла карда ҳамаашонро ба қатл расонданд. Римиҳо ғанимати фаровоне ба даст оварда, халқи бисёреро асир гирифта, ҳангоми ақибнишинӣ шаҳрҳо ва рустоҳоро вайрону хароб карданд. Чунончи, дар шаҳри Арбил оромгоҳи подшоҳони ашкониро ба хок яксон намуданд. Ҳангоми бозгашт ба ватан императори римиён дар соли 217 ба дасти яке аз ҳамроҳонаш ба қатл расид. Артабони V лашкари бисёре гирд оварда бар сари римиҳо тохт. Римиҳо аз тарс асиронро раҳо карда пешниҳоди сулҳ намуданд. Дар ҷавоб ба онҳо Артабони V талаб кард, ки бояд римиҳо шаҳрҳо ва қалъаҳои вайронкардаашонро аз нав тармим карда, аз Байнаннаҳрайн берун раванд ва товони ҷангро бипардозанд. Пас аз як ҷанги шадиди серӯза римиён ҳамаи шартҳои Артабони V-ро қабул карданд, аммо Артабони V бо вуҷуди пирӯзӣ бар римиҳо натавонист шӯришҳо ва ҷангҳои дохили кишварро фурӯ нишонад.

Дар солҳои охири салтанати Артабони V сарпарасти оташкадаи шаҳри Истахр Бобак ва писари ӯ Ардашери Бобакон вилоятҳои Порс, Кирмон, соҳили Халиҷи Форс, Исфаҳон ва Хузистонро тасхир карданд ва дар тайи се ҷанг Артабони V -ро шикаст дода, 28-уми апрели 224 ба ҳалокат расонданд. Бо ҳамин сулолаи Ашкониён ҷойи худро ба хонадони Сосониён дод.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш