Ғурм

(Тағйири масир аз Архар)

Ғурм (форсӣ: غُرم‎, лот. Ovis ammon) ё меши кӯҳӣ (форсӣ: میش کوهی‎) — як навъ ҳайвони ҷуфтсумро гӯянд. Ҷуссаи калон ва пойҳои дарози боқувват дорад. Дарозии баданаш 110—200 см (модинааш нисбатан хурдтар аст), кадаш 65-125 см, вазнаш 110—230 (модинааш 90-100) кг. Шохаш каҷак ва сахту мустаҳкам, зарди сафедтоб, дарозиаш 67-190 см, вазнаш то 30 кг: шохи модинааш нисбатан борик ва кӯтоҳ (то 160 см). Пашмаш дурушту кӯтоҳ ва вобаста ба фасли сол тағйир меёбад (зимистон зич ва тобистон нисбати тунук мешавад). Ғурмҳо ранги гуногун (масалан: бӯр, зарди сурхча, қаҳваранг) доранд. Рангаш қаҳваги зардтоб буда, таҳи шикамаш бо мӯйинаи сафедранг пӯшида шудааст. Андомҳои биноӣ, шунавоӣ ва бӯёии ғурмҳо нағз рушд кардааст. Ғурмҳо дар 2,5-солагӣ болиғ ва то 8-10-солагӣ калон мешаванд. Давраи ҳамлашон 5-6 моҳ аст. Дар Тоҷикистон гунае аз ғурм дар кӯҳсорҳои Помир (дар баландии 3500-5000 м) зиндагӣ мекунанд, ки ғурми помирӣ (лот. Ovis ammon polii) ном дорад. Хӯроки ғурм алаф (рӯзе қариб 18-18,5 кг модинааш то 16 кг) аст.

Ғурм
Argali Stuffed specimen.jpg
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ovis ammon (Linnaeus, 1758)
Вазъияти ҳифз

Баъзе пажӯҳишгарон сарнасли гӯсфандони хонагии Осиёро гӯсфанди ваҳшӣ, ғурм мушуморанд, ки то ҳол дар қаторкӯҳҳои Осиёи Марказӣ дучор меояд. Ғурм яке аз калонтарин гӯсфандони ваҳшӣ мебошад. Солҳои охир саршумори архар хеле кам шудааст. Ғурм моҳҳои май ё июн як ва гоҳе ду барра мезояд. Ғурм ҳамчун намуди беҳамтои гӯсфанди ваҳшӣ ниёз ба муҳофизати ҷиддӣ дорад.

НигаредВироиш

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: