Асадуллоҳ Ахтар

Асадуллоҳ Ахтар (форсӣ: أخگر‎; ?, Мовароуннаҳр1670, Аҷмир, Ҳиндустон) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Асадуллоҳ Ахтар
форсӣ: أختر
Тахаллусҳо: Ахтар
Зодгоҳ: Мовароуннаҳр
Таърихи даргузашт: 1670(1670)
Маҳалли даргузашт: Аҷмир, Ҳиндустон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

ЗиндагиномаВироиш

Дар синни камолот ба Ҳиндустон рафта, дар ҳамон ҷо зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар навъҳои гуногуни адабӣ шеър гуфтааст. Бо номҳои «Гулшани Маҳмуд», «Шуълаи ишқ», «Гетиошӯб», «Аҷабнома», «Сурмаи ҳасрат», «Тилисми ваҳдат» маснавиҳо доштааст.

Абёти зерин аз ӯст:

Теғ чун дорӣ ба каф, золим, муроди ман барор,
Во магир аз ташнагон оби зулоли хешро.
Мусҳафи рӯйи ту гардид бӯсагоҳи лаб маро,
Дидам аз «Девон»-и Ҳофиз хуни фоли хешро.
Ба оине, ки сад шамъ аз насиме кушта мегардад,
Ҷавоне шуд шаҳид аз шӯхии он офати лабҳо.

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

  • حسین قلیخان عظیم آبادی. نشتر عشق. کتاب اول. دوشنبه، ۱۹۸۱

СарчашмаВироиш