Асрору-л-авлиё

(Тағйири масир аз Асрор-ул-авлиё)
Унсури холии Викидода

«Асрору-л-авлиё» (ар. اسرار‌ الاولیاء‎) — асари тасаввуфии Бадруддин Исҳоқ ибни Алии Деҳлавӣ (асри 13). Ба забони форсӣ навишта шудааст. Аз 22 фасл иборат буда, малфузот ва насоеҳу иртидоти шайхи маъруфи Ҳиндустон Фаридуддин Ганҷшакар (вафоташ 1265—1266)-ро дар бар мегирад. Дар «Асрору-л-авлиё» инчунин масъалаҳои амалии тасаввуф ва вазифаҳои солики ҳақиқӣ баён ёфтаанд. Як нусха аз дастнависи ин китоб дар Захираи дастнависҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ зери рақами 530/1 маҳфуз аст.

Адабиёт вироиш