Асрору-л-балоға

(Тағйири масир аз Асрор-ул-балоғат)

«Асрору-л-балоғат» (ар. أسرار البلاغة‎) — китоби мутакаллим, адиб ва забоншиноси Абдулқоҳири Ҷурҷонӣ дар улуми маъонӣ ва баён, ки ба забони арабӣ таълиф кардааст.

Асрору-л-балоға
Нависанда Абдулқоҳири Ҷурҷонӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар арабӣ

Ба шаҳодати аксари мутахассисон Абдулқоҳири Ҷурҷонӣ бо ин китоби худ аввалин шуда асосҳои илми балоғатро тарҳрезӣ карда, қоидаву қонунҳои онро мураттаб сохтааст. «Асрору-л-балоғат» аз 33 фасл иборат буда, дар он масъалаҳои зерини илми балоғат ба таври муфассал такмилу баррасӣ шудаанд: таҷнис; татбиқ; истора; навъҳои истиора аз қабили истиораи муфида, истиораи ғайримуфида, истораи ҳақиқӣ ва истораи тахайюлӣ; инчунин ташбеҳ; тамсил; фарқи байни ташбеҳ ва тамсил; масъалаи ахз (гирифтани маъно аз каси дигар); сирқа (дуздии маъно); истеъдод ва истиъонат; ҳақиқат ва маҷоз; маҷози ақлӣ ва ма­ҷози луғавӣ ва ғайра. «Асрору-л-балоғат» то имрӯз ҳамчун китоби дарсии илми балоғат дар сатҳи олӣ дар донишгоҳҳои улуми инсонӣ омӯхта мешавад ва матни он дар Қоҳира ва дигарон ҷойҳо борҳо ба табъ расидааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш