Астаробод, Истаробод, Истиробод (форсӣ: استرآباد‎) — шаҳр ва ноҳияе дар Гургони садаҳои нахустини исломӣ ва маркази иёлате ба ҳамин ном дар давраи сафавӣ ва қоҷория. Бархе муаррихон шаҳри Задракартаи (Zadracarta) Ҳахоманиширо бо Астаробод яке донистаанд. Ба ақидаи қисме таърихнигорон Астарободба маънии ҷойгоҳи астарон ва ба гумони дигарон ҷузъи аввали унвони шаҳр, номи бонии шаҳр будааст (Ёқути Ҳамавӣ), ки ба Астар — бародарзодаи Мардҳои яҳудӣ — ҳамсари Хашоёршо, подшоҳи ҳахоманишӣ ишора дорад. Вожаи астарро ҳамчунин ба маънои ситора — ахтар низ маънидод кардаанд. Ин шаҳр аз давраи сафавиён бо номҳои Дорулфатҳ, Дорулмулк ва Дорулмуъминин низ ёд шудааст.

Маҳалли аҳолинишин
Астаробод
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё

Шаҳри куҳани Астарободдар шимоли Албурз ва дар ҷануби шарқии дарёи Мозандарон, дар соҳили яке аз шохобҳои рӯдхонаи Қарасу бино шуда буд. Аввалҳои интишори ислом шаҳр қасабае буд ва тадриҷан аз давраи сафавӣ инкишоф ёфта, ба иёлате мубаддал гардид, ки Домғон ва Бистом низ аз минтақаҳои тобеи он буданд.

Таърихи воқеаҳои дар ин шаҳр бавуҷудомада дар садаҳои аввали исломӣ бо таърихи куҳани Гургон (Ҷурҷон) даромехтанд, ки барои ташхисонии таърихи ин шаҳр мушкилот пешору мешаванд. Аз Астаробод дар замони хилофати Ҳорунаррашид ва дар раванди набарди Ҳамзаи хориҷӣ бо намояндагони халифа дар Хуросон ёд мешавад. Бино ба ривоятҳо дар даврони Тоҳириён Сулаймон ибни Абдуллоҳ Тоҳир дар Астаробод сокин буд ва ду пойгоҳи низомии вай барои набард бо Ҳасан ибни Зайди Алавӣ дар он шаҳр қарор дошт. Ба ин нисбат ба назар мерасад, ки ин шаҳр дар набардҳои ҳокимони тоҳирӣ бо алавиён барояшон пойгоҳи амниятӣ будааст. Дар замони ҳукумати Амри Лайс ва дар набарди Рофеъ ибни Ҳарсама бо Муҳаммад ибни Зайд Муҳаммад ба Астаробод паноҳ бурд ва Рофеъ шаҳрро муддати ду сол ба муҳосира гирифт. Ин шаҳр дар даврони салтанати Сомониён маркази муҳимми зарби сикка буд.

Дар замони ҳукмронии Аҳмад ибни Исмоили Сомонӣ Астаробод бори дигар таҳти нуфузи алавиён қарор гирифт ва минбаъд байни амирони сомонӣ ва алавиён аз даст ба даст мегузашт, то он даврае, ки Мокон ибни Кокӣ аз тарафи алавиён ҳукумат ёфт. Ин шаҳр дар замони ҳукумати Вушмгир ва даргириҳои ӯ бо Мокон ва сипас Ҳасани Фирӯзон борҳо ба тасарруфи ду тараф даромад. Пас аз Вушмгир шаҳрро Оли Буя тасарруф намуд то даме, ки Масъуди Ғазнавӣ ба ин навоҳӣ лашкар кашида онро забт кард. Пас аз марги ӯ Астаробод маҳалли даргириҳои хонадони Хоразмшоҳиён гардид. Астаробод пас аз ба сари қудрат расидани Текеш дар ихтиёри хонадони бовандӣ қарор гирифт, ам­мо бо сар задани ихтилоф байни Текеш ва Ҳусомуддавла — ҳокими Астаробод Текеш боз ба шаҳр лашкар кашид ва хароб­кории бисёре кард. Бовандиён пас аз тарки Астаробод бори дигар он ҷоро пас аз марги Текеш ва дар солҳои нахустини ҳокимияти Султон Муҳаммад Хоразмшоҳ ба тасарруфи худ дароварданд, вале Муҳаммад Хоразмшоҳ аз нифоқи хонадони Бовандиён истифода намуда, Астарободро аз худ кард. Астаробод дар ҳуҷуми муғул низ осеби бузург дид. Дар давраи Илхониён низ маҳалли даргириҳои амирон ва писарони Арғунхон буд. Бо густариши наҳзати сарбадорон Астаробод муддате ба дасти Амир Масъуд афтод. Сипас амир Валӣ шаҳрро ишғол кард. Баъди даргириҳо байни амир Валӣ ва Марғашиён шаҳрро Марғашиён забт карданд, аммо бо қувват гирифтани Темур дар Мовароуннаҳр онро ба Валӣ вогузоштанд. Амир Темур соли 786 қамарӣАстарободро тасарруф кард ва Луқмон писари Тағотемурро, ки пеш аз тарафи Валӣ барканор шуда буд, бори дигар ба ҳукумати А. нишонд. Ин ҳукумат сипас ба писари Луқмон — Пирак расид. Минбаъд Шоҳрух ба Астаробод тохт ва онро ба Мирзо Умар супурд. Мирзо Умар ва писараш Султоналибек писари Пирак, ки ҳар яке аз тарафи Шоҳрух ба ҳукумат расида буданд, бар ӯ шӯриданд, то он ки Шоҳрух яке аз наздикони худ Мирзо Улуғбекро ба ҳукумати Астаробод гузошт. Астаробод дар низоъҳои хонаводагӣ пас аз марги Шоҳрух борҳо маҳал­ли кашмакаш буд. Дар соли 755 қамарӣ (1354 милодӣ) байни ду фарзанди Бойсунқур — Мирзо Султон Муҳаммад ва Мирзо Абулқосим Бобур бар сари ҳукумати Астаробод даргирӣ давом кард, ки мудохилаи низомии Ҷаҳоншоҳи Қарақуюнлу анҷом ёфт. Соли 842 (1438 милодӣ) бо аҳди паймони сулҳ байни Ҷаҳон­шоҳи Қарақу­юнлу ва Султон Абусаид ҳукумати Астаробод ба хонадони Те­му­рӣ боз гардонда шуд. Пас аз марги Абусаид Астаробод ба тасарруфи Султон Ҳусайни Бойқаро даромад. Вай муддате ҳукумати Астарободро ба Амир Алишери Навоӣ вогузор кард. Андаке баъд писари худ Бадеъуззамонро ба ҳукумати он шаҳр гумошт. Пас аз барканории Бадеъуззамон даргириҳои хушунатомезе миёни бозмондагони Султон Ҳусайн бар сари ҳукумати Астаробод даргирифт. Бо поён ёфтани ҳукумати амирони Темурӣ дар Хуросон Астаробод низ ба тасарруфи лашкариёни Шайбакхони Ӯзбек даромад. Пас аз пирӯзии шоҳ Исмоили Сафавӣ бар сипоҳиёни Ӯзбек дар соли 916 қамарӣ (1510 милодӣ) Астарободро яке аз ҳокимон аз давлати сафавӣ сарварӣ мекард. Дар оғози салтанати Шоҳ Таҳмосби 1 Убайдуллоҳхони Ӯзбек ин шаҳрро тасарруф кард ва писари худ Абдулазиз Султонро ҳокими он таъйин намуд. Байни лашкариёни сафавӣ ва Ӯзбек дар соли 935—943 қамарӣ (1528—1536 милодӣ) набард идома дошт ва шаҳр миёни онон даст ба даст мегузашт.

Астаробод дар соли 944 (1537 милодӣ) шоҳиди шӯриши ҷамоате ба номи сиёҳпӯшон бар зидди давлати марказӣ буд, ки лашкариёни шоҳ Таҳмосб онро саркӯб карданд ва шаҳр аз тасарруфи шӯришиён бадар омад. Ҳамлаҳои ӯзбекон ба Астаробод то соли 950 қамарӣ (1543 милодӣ) Низ идома ёфт, то он ки шоҳ Алӣ Султон Устоҷлу ҳокими Астаробод дар соли 955 қамарӣ (1548 милодӣ) бар онон бартарӣ ёфт ва шаҳрро аз вайронии бештаре наҷот дод. Астаробод нахустин бор дар аҳди шоҳ Аббоси 1 иёлат хонда шуд. Дар давраи шоҳи сафавӣ шоҳ Аббоси II ва шоҳ Сулаймони Сафавӣ ошӯбҳои Астаробод ба сабаби туғёни қабилаҳои туркман идома ёфт. Бо роҳ ёфтани заъф дар ҳукумати сафавӣ ҳарҷу марҷ дар ноҳияи Астаробод бештар шуд. Таҳмосб Мирзо аз давлати Русия ёрӣ хост ва бо аҳди қарордод иёлати Астаробод дар ихтиёри русҳо қарор гирифт. Нодир афғонҳоро ронда, қарордоди Таҳмосбу Россияро бекор кард ва Астарободро аз Россия пас гирифт. Баъди қатли Нодир дар соли 1160 қамарӣ Муҳаммад Ҳасанхони Қоҷор Астаробод ва навоҳии Мозандарону Гелонро ба тасарруфи худ даровард. Каримхони Занд дар ох. соли 1165 қалъаи Астарободро муддатҳо муҳосира кард. Бо кушта шудани Муҳаммад Ҳасанхони Қоҷор Астаробод ба тасарруфи Каримхони Занд даромад ва Муҳаммад Ҳусайнхони Қоҷор низ ба ҳукумати Астаробод расид. Баъди марги Каримхон дар соли 1193 қамарӣ Оқо Муҳаммадхон аз Шероз рӯ ба Мозандарону Астаробод ниҳод ва ба рағми мухолифати бародараш Астарободро дар соли 1196 тасарруф карда, Раҳимхонро мансаби бегларбегӣ дод.

Бо тағйири низоми салтанатӣ дар Россияву саркашии сарбозони рус дар Астаробод ва баста шудани гумруки он ҷо қаҳтӣ дар шаҳр падид омад ва бар асоси гузориши Вазорати дохила дар 7 Рамазони 1335 консули собиқи Русия дар Астаробод ба иттиҳоми эҷоди нобасомониҳо ва балво унсури номатлуб шинохта, аз вазифа маъзул шуд. Аз соли 1316 шамсӣ номи шаҳр расман ба Гургон тағйир ёфт. Астаробод дар садаи 4 қамарӣ диже вайрон доштааст ва ба назар мерасад, ки сабаби вайронии он набардҳои пай дар пайи Оли Буя ва Зиёриён барои соҳиб шудан ба шаҳр будааст. Дар давраи сарбадорон аз қалъае ёд мешавад, ки хориҷ аз ҳисори Астаробод қарор дошт. Қалъа ва ҳисори Астаробод дар набардҳои Темур ва Пирподшоҳ осеби бисёре дид, ки Шоҳрух онро дар соли 810 қамарӣ мустаҳкам сохт. Ин ҳисор дар авоили набардҳои давраи сафавия осеб дид ва дар 1007 қамарӣ бо фармони шоҳ Аббос қалъаҳои мухталифе, ки дар атрофи шаҳр аз сӯи соҳибони қудрат ва гарданкашон сохта шуда буд, вайрон гардид. Бино бар фармоне аз шоҳ Сулаймони сафавӣ дар соли 1086 қамарӣ маблағе барои таъмири ҳисори шаҳр муайян шуда буд.

Дар давраи Нодиршоҳ иморати чаҳорбоғи шоҳӣ аз биноҳои шоҳ Аббос ва арку қалъаи шаҳр низ боқӣ буд, аммо дар набарди Нодир бо Муҳаммадҳасанхони Қоҷор вайрон шуд. Қалъа дар давраи зандия обод буд ва бо фармони Оқо Муҳаммадхони Қоҷор вайрон карда, ба ҷояш Дорулҳукумат сохта шуд.

Дар давраи қоҷориҳо шаҳр 3 дарвоза ва кӯчаҳои сангфарш дошт. Деворҳои хонаҳо аз хишти хом ё гил ва сақфи онҳо аксаран аз сафоли сурхранг буд. Бозори шаҳр нисбатан бузург буд ва мағозаи бисёре дошт.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • بیهقیابوالفضل. تاریخبیهقی،تهران،۱۳۳۴،ش؛
  • مجملالتواریخ. تهران،۱۳۳۴،ش؛
  • ابواسحاقمستوفی. گلستانمراد. تهران،۱۳۴۹،ش؛
  • ابوالوفااسماعیل. تقاسیمالبلدان. الباریس،۱۸۴۰