Иштувегу

(Тағйири масир аз Астиаг)

Иштувегу, Остиёг, Астиаг (асри VII то м., Ҳагматонаасри VI то м., Сатрапии Порт[d]) — чаҳорумин ва охирин подшоҳи Мод (585—550 то м.), писари Ҳувахшатра ва падари Мондонои Модӣ.

Иштувегу
Таваллуд асри VII то м.
Даргузашт асри VI то м.
Падар Ҳувахшатра
Ҳамсар Aryenis[d]
Фарзандон Мондонои Модӣ ва Омитис
Эътиқод маздаясно
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳукумат вироиш

Дар ибтидои ҳукмронии Иштувегу давлати Мод орому осуда буд, вале тадриҷан бар асари он ки шоҳ ба шикор ва ишрат дилбастагии афзун дошта, бештари вақти худ ва дарбориёнашро сарфи хушгузарониҳо мекард, норозигии мардум ба вуҷуд омад. Ҳамчунин мухолифати ӯ бо ашрофи Мод низ тақвият гирифт. Аз нохушнудии мардуми Мод нисбат ба подшоҳашон Иштувегу истифода намуда, ҳокими Порс — Куруши Кабир — бобои модарии Иштувегу ба сарзамини Мод лашкар кашид. Муҳориба се сол тӯл кашид; дар ин байн Иштувегу чанд маротиба бар лашкари Куруш дастболо ҳам шуд, вале оқибат бар асари хиёнати лашкариёнаш сипоҳи Иштувегу шикаст хӯрд. Охирин муҳорибаи шадид байни порс ҳо ва модҳо дар даромадгоҳи давлати Мод — шаҳри Ҳагматона (Ҳамадони имрӯза) соли 550 то мелод рух дод, ки дар он сипоҳиёни Иштувегу ба ҳалокат расида, худи ӯ асир афтод. Давлати таназзулёфтаи Модҳо барҳам хӯрд ва сулолаи Ҳахоманишиён пойдор гардид. Дар бораи тақдири мин баъдаи Иштувегу маъхазҳои таърихӣ хилофи назар доранд; гурӯҳе бар онанд (Ҳеродот), ки Иштувегу дар зиндони порсҳо фавтида ва бархе (Ктесий) бар он ақидаанд, ки Иштувегуро Куруши Кабир ҳокими Порт ва иддае даъво доранд, ки ҳукмрони Гургон таъйин карда будааст[1].

Эзоҳ вироиш

  1. Астиаг // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.