АСҲÓБИ САФИНÁ (арабӣ: أصحابسفینه аз асҳоб ва сафина – киштинишастагон), муъминонеро номанд, ки ҳам­роҳи Нуҳ (а) дар киштӣ нишаста, аз ҳодисаи тӯфон на­ҷот ёфтанд. Дар бораи қавми Нӯҳ (а) ва сарнавиш­ти муъминони ҳамроҳаш дар чандин сураи Қуръон бо таъ­бироти гуногуне гузориш дода шудааст. Фишурдаи саргузашти он қавм ин аст, ки Нӯҳ (а) ба муддати нуҳсаду панҷоҳ сол онҳоро ба тавҳиди Худои якто ва пайравии дини ӯ даъват кард, вале онҳо аз даъвати ӯ сар боззаданд ва ба ҷуз чанд нафаре ба вай имон наовард (Қуръон:11:40). Нӯҳ (а) пас аз даъвати наздик ба ҳазорсолаи онҳо, ки чанд наслро дар бар мегирифт, аз имонашон навмед гашта, даст ба дуо бардошт ва аз Худо хост, ки ҳеч кофиреро дар рӯйи замин боқӣ нагузорад. (Қуръон: 71:36). Худо ба вай дастур дод, то киштие бисозад ва пас аз итмом ба он аз ҳар навъ ҳайвоне як ҷуфт – нару мода ва муъминони қавмашро бор намояд. Вақте Нӯҳ (а) ин корро анҷом дод, тӯфоне бархост ва ғайр аз асри санг дигар ҳама ғарқ шуданд. Он муъминоне, ки ҳамроҳи ӯ дар киштӣ нишаста буданд, танҳо дар як ҷойи Қуръон (29:15).– асри санг номида шудаанд. Ниг. низ Киштии Нӯҳ.
Қавми Нӯҳ (а), ба гуфтаи аксари муфассирон, дар сарзамини Ироқи имрӯза ва бинобар тарҷеҳи муаррихони бостоншинос, ба таври дақиқ дар шаҳрҳоиҳои Ур, Урук, Кеш, Шурбок ва атрофи онҳо гузаштаанд. Ҳодисаи тӯфон ва таҳаввуле, ки бар асари он дар таърихи башар ба вуҷуд омад, аз назари қавмҳои пешин ва тамаддунҳои бостонӣ низ дур намондааст. Он ҳамроҳ бо пайдоиши хатти мехӣ бори аввал дар катибаҳо ва осори хаттии сумериён сабт гардида, аз тариқи онҳо баъдан дар ривоятҳо ва осори тамаддуни аккодиён (бобилиён ва ошуриён) нақл шудааст. Аввалин ҳайати бостоншиносони амрикоӣ дар яке аз ҳафриёти худ дар ҷан. Ироқ дар ш. Нибур (Ниффар) лавҳаи гилинеро кашф карданд, ки дар он ба забони сумерӣ дар бораи тӯфон гузориш дода шудааст. Дар он дар васфи шоҳи муъмине бо номи Зюсудо омадааст, ки вай бо сохтани киштӣ насли башарро аз нобудӣ ҳифз кард ва он мард ҳамон Нӯҳ (ъ) аст. Аз маҷмӯи таҳқиқоти бостоншиносӣ ва осори кашфшудаи он ба назар мерасад, ки бар тамоми қавмҳои сокини ин паҳнои ҷуғрофиёӣ – аз ҷан. Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Кабуд (Қазвин) то каронаҳои рӯди Синд ва бахшҳое аз сарзамини Ҳинд ва хонадонҳое, ки дар он мавқеъ нахустин давлатҳои қавмиро ба вуҷуд овардаанд, тамаддуни ҳам­гун ва фароянди ягонаи таърихие ҳукмфармо буд ва сарзамини Байнаннаҳрайн, ки маркази пайдоиши суме­ри­ҳо ва пас аз он ошуриҳо ва бобилиҳо ба шумор меравад, дар он миён ҳам дар тавлиди хатти мехӣ ва ҳам дар намудҳои дигари тамаддун пешгомтар будааст.
Бостоншиносон пас аз шаш соли кофтуков дар назди марзҳои Туркия бо Эрон саранҷом киштии Нӯҳро кашф карданд ва давлати Туркия бо таъйиди кашфиёти онҳо соли 1414 ҳ. (1993 м.) барои оғоз кардани корҳои ҳафриётӣ дар он ҷо иҷозат дод. Дар он мавзеъ баданаи киштии ба зери хок фурӯрафта мушоҳида мешавад, ки дар баландии 2134 м. ҷойгир шуда, дарозии он 515 қадам (300 зироъ) ва бараш 139 қадам (50 зироъ) аст. Донишмандони амри­коӣ ва шарқимиёнаӣ дар мавзеи кашфи киштӣ сангҳои калонеро низ пайдо кардаанд, ки ҳамаашон аз як тараф шикоф карда шудаанд ва ба назар мерасад, ки барои ҳиф­зи тавозун ва лангар задани он ба кор рафтаанд. Озмо­ишҳои родорӣ низ миқдори зиёди оксиди оҳанро дар он ҷо кашф кардааст. Донишмандон умри тақрибии киштиро камобеш ба сад ҳазор сол тахмин ва бидуни шак, сох­таи дасти инсон донистаанд.

Адабиёт вироиш

  • الدکتوروهبهالزحیلی. تفسیروسیط،جلد۳. دمشق،۲۰۰۰؛
  • القرانالکریم. المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
  • همو. اطلستاريخانبياءورسولان. ریاض،۲۰۰۶؛
  • سامیابنعبدالله. اطلسادیان. ریاض،۲۰۰۷؛
  • الدکتورشوقیابوخليل. اطلسالقراناماکن،اقوام،اعلام. دمشق،۲۰۰۳؛
  • ابوالفضلبهرامپور. تفسیریکجلدئمبین. قم،۲۰۱۰؛
  • مصطفیخرمدل. تفسیرنور. تهران،۲۰۱۱