Атлáс ва харитáи ситораҳó — маҷмӯаи мураттаби харитаҳои осмони ситоразор ё қисмати он, ки ба шакли китоб ё албом нашр шудааст. Атлас ва харитаи ситораҳо барои равона намудани телескоп ба нуқтаи лозимаи осмон, мушобеҳ сохтани ситораҳо ё акси онҳо дар феҳристи ситораҳо, ҷустуҷӯи ашё (сайёраҳо, зузанабҳо, ситораҳои тағйирёбанда ва ғайра) аз рӯи координатаҳояшон дар осмони ситоразор, инчунин барои муайян намудани координатаҳои тақри­бии ашёи осмонӣ (масалан, радифони маснӯи Замин ҳангоми мушоҳидаи басирӣ) бо роҳи қайд намудани онҳо дар харитаҳои дорои шабакаи координатӣ истифода мешавад. Аксар атлас ва харитаи ситораҳо бо шабакаи координатӣ дар силсилаи координатаҳои устувоӣ (экваторӣ) муҷаҳҳазанд. Атласи умумии шарҳӣ, маъмулан, дар алоҳидагӣ барои нимкураҳои шимолӣ ва ҷанубии осмон дар тарҳ (проексия)-и стереографӣ тартиб дода мешаванд. Барои тасвири минтақаи устувои осмон тарҳи устувонави (силиндрӣ)-ро ба кор мебаранд. Минтақаҳои қутбии осмон дар тарҳи уфуқӣ ва мутавассит дар тарҳи махрутӣ тасвир мешаванд. Атлас аккосӣ (фотографӣ) ва рассомӣ мешаванд. Дар атласи рассомӣ ситораҳо вобаста ба бузургии ситоравӣ чун даврачаҳои қутрашон гуногун тасвир ва вобаста ба координатаҳои феҳристи ситораҳо дар харита ишора карда мешаванд. Атласи аккосӣ аз маҷмӯи аксҳо иборат буда, тар­ҳи шохисӣ (гномонӣ)-и осмони ситоразор аст ва назар ба атласи рассомӣ шумораи зиёди ситораҳоро дар бар мегирад.

Харитаи осмонии шаб: Мавқеи ситораҳо аз ситораҳои дурахшон. Нашри 5-ум
Харитаи осмонии шаб: Мавқеи ситораҳо аз ситораҳои дурахшон. Нашри 5-ум

Атласҳои таърихӣ вироиш

 
Харитаи осмонӣ аз садаи XVII, аз ҷониби харитасози ҳоландӣ Фредерика де Вит

Дар замонҳои қадим Атлас ва харитаи ситораҳо мавҷуд набуд ва олимон аз ҷадвалҳо (зиҷҳо), феҳрист ва глобуси ситораҳо истифода мекарданд. Аввалин феҳристи ситораҳоро Батлимус (тақрибан 87–165) тартиб дод (аз рӯи баъзе маълумотҳо Батлимус феҳристи Ҳипархусро аз худ намудааст), ки дар «Алмаҷастӣ» (китобҳои 7, 8) ҷой дода шудааст ва 1025 ситораро дар бар мегирад. Феҳристи мазкур аз хато ва иштибоҳ орӣ набуд ва аксари олимони мамолики исломӣ ба он шарҳ навиштаанд. Собит ибни Қурра (836–901) «Алмаҷастӣ»-ро аз юнонӣ ба арабӣ тарҷума карда, хатоҳои Батлимусро дар мушоҳидаҳои Офтоб нишон дод. Баттонӣ (858–929) дар асоси он феҳристи 533 ситораро барои соли 880 тартиб дода, хатои ҳисоби тӯли ҷирмҳоро ба 1° ошкор ва собитаи ҳаракати тақдими (претсессия)-ро баробари 54,5″ қабул намуд (ба ҷои 36″). Абдур­раҳмони Су­фӣ (903–986) соли 964 дар «Китобу сувар-ул-кавокиб ас-собита» («Китоби тасвири ситораҳои собита») аввалин шуда исбот намуд, ки феҳристи ситораҳоро худи Батлимус тартиб надодааст. Ӯ координатаҳо ва дурахши 1017 ситораро бо дар назар доштани ҳаракати тақдимӣ муайян намуда, нахустин атласи муфассали 48 бурҷ­ро тартиб дод. Атласи Суфӣ бо тасвири рангаи бурҷҳо оро ёфта, сито­раҳо бо рақамҳои тартибӣ қайд ва натиҷаи мушоҳидаҳо дар ҷад­валҳо оварда шудаанд. Дар атласи Суфӣ маълумот дар бораи «абри хурд» омадааст, ки он галактикаи спиралшакл ё меҳҳои Андромеда (М 31 ё NG C224) аст. Танҳо пас аз 700 сол онро дар Аврупо 15 дек. 1612 ахтаршиноси олмонӣ Симон Мариус бо телескоп мушоҳи­да намуд. Инчунин оид ба тарокуми ситоравии IC 2391 дар бурҷи Бодбонҳо (онро олими фаронсавӣ Никола Луи де Лакайл (Lacaille) 11 феврали 1752 мушоҳида кард), тарокуми ситоравии Collinder 399 дар бурҷи Рӯбо­ҳак (онро олими итолиёӣ Ҷованни Баттиста Ҳодиерна (Hodierna, 1597–1660) дар садаи XVII мушоҳида ва П. Коллиндер (ИМА) соли 1920 ба феҳрист дохил кард) маълумот оварда шудаанд. Суфӣ дар атласи худ бори аввал дар бораи галактикаи хурди «Абри бузурги Магеллан» дар бурҷҳои Ҳути Заррин ва Куҳи Тахт сухан ронда, онро «ал-Бакр» номидааст. Сипас дар бораи он сайёҳи итолиёӣ Америго Веспуччи (1454–1512) дар сафари сеюми худ (1503–1504) ёд карда, ситораи дурахшонтарин дар байни се ситораи Суҳайл (Канопус, бурҷи Шоҳтахта) номидааст. Дертар (1519) баҳрнаварди португалӣ Фернандо де Магеллан (1480–1521) онро мушоҳида кард. Инчунин Абурайҳони Берунӣ (973–1048), Умари Хайём (1048–1131), Насируддини Тусӣ (1201–1274) ва дигарон олимони тоҷик хатоҳои Батлимусро қайд намуда, ба асари ӯ шарҳҳо навиштаанд.
Пеш аз атлас ва харитаи ситораҳо тасвирҳои асотирии мусавварашудаи бурҷҳо пайдо шуданд. Ҳарчанд мусаввараҳо бо санъати баланди рассомӣ анҷом дода шуда бошанд ҳам, онҳоро кори дақиқи ахтаршиносӣ шуморидан мумкин нест, чунки саҳеҳии ҷобаҷогузории тасвири бурҷҳо аз тавсифи шифоҳии онҳо дар асарҳои мунаҷҷимон паст буд. Аввалин атласҳои ситораҳо дар Аврупо дар садаи XVII пайдо шуданд. Соли 1603 атласи «Уранометрия»-и (аз «урано»-и юнонӣ, маънояш «осмон») адвокат ва ахтаршиноси олмонӣ Иоганн Байер (1572–1625) чоп шуд.
Атлас барои замони худ пешқадам буда, харитаҳояш моҳирона тайёр карда шуда буданд. Байер аз мушоҳидаҳои Тихо Браге (1546–1601) истифода намуда, ба харита ситораҳоро бо саҳеҳияти бештар (барои замони худ) ҷой­гир кард. Чун дигар атласҳои он давра Байер дар атласи худ силсилаи координатаҳои доиратулбуруҷӣ (эклиптикӣ)-ро истифода намудааст. Дар атлас пас аз ҳар 30° хатти амудӣ гузаронида шудааст, ки онҳо бурҷҳои дувоз­даҳго­наро ҷудо карда, дар қутб ҷамъ мешаванд. Барои сохтани атлас тарҳи росткунҷаи харитасозӣ (трапетсиявӣ) истифода шудааст, ки вазъи ситораро бо роҳи имтидоди одӣ муайян кардан мумкин аст. Дар атлас бори аввал сито­раҳои дурахшони мушоҳидашаванда бо ҳарф­ҳои юнонӣ ва номи лотинӣ ишора шудаанд (масалан, α Canis Majoris). Яке аз камбудҳои атлас дар он буд, ки тартиби ишораи ситораҳо на аз рӯи бузургии ситоравӣ, балки аз рӯи ҷойгиршавии онҳо дар тасвир (аз ғарб ба шарқ; аз шимол ба ҷануб) омадааст. Дар бурҷҳои ситораашон зи­ёд, ки барои ишораи онҳо 24 ҳарфи алифбои юнонӣ кифоя набуд, Байер ҳуруфи лотиниро истифода кардааст. Олими фаронсавӣ Никола Луи де Лакайл (1713–1762) дар миёнаи садаи 18 феҳристи ситораҳои ҷанубиро тартиб дода, дар асоси он чанд бурҷи ҷанубиро сохт ва ба онҳо номҳои ашёро гузошт (Шоҳтахта, Қутбнамо, Микроскоп, Насос, Гунё, Октант, Бодбонҳо, Кӯра, Телескоп ва ғайра). Ӯ на танҳо ситораҳои мушоҳидашаванда, балки ситораҳои ба чашм ноаёнро низ бо ҳуруфи юнонӣ ишора намуд. Мунаҷҷимони оянда кашфиёти Байерро истифода намуда, ба си­тораҳои нав ё беишора ном ва ишораҳои худро медоданд. Дар натиҷа, то ҳол аксари ситораҳо бо номҳои гуногун ёд мешаванд. Лекин Байер аввалин шахсе набуд, ки ситораҳоро бо ҳуруф ишора кардааст. Пеш аз ӯ Алессандро Пикколини (1508–1578) дар атласи худ «Dele Stelle Fisse» 1540 ситораро бо ҳуруфи лотинӣ ишора намуда буд. Ин якумин атласи ситораҳои нашршудаест, ки барои тасвири бурҷҳо ба ҷойи ҳаккокии мисии Байер кандакории болои чӯбро истифода кардааст.
Атласи дигари ситораҳо, ки мунаҷҷими лаҳистонӣ Ян Ҳевелий (1611–1687) тартиб додааст ва пас аз се соли маргаш (1690) чоп шудаст, «Уранография» ном дошт. Атлас 1564 ситораи бо чашм мушоҳидашавандаро дар бар мегирад, ки онҳоро худи Ҳевелий ҳисоб намуда, ба феҳрист ва атлас дохил кардааст. Ҳевелий бо чашми номуҷаҳҳаз вазъи ситораҳоро бо саҳеҳии 1 дақиқа кунҷӣ андозагирӣ кард, ки дар он замон саҳеҳии калон ҳисоб мешуд. Ӯ тарафдори харитаҳои оинавии чаппа буд, ки тасвири ҳақиии бурҷро ифода накарда, онро аз як нуқтаи мавҳуми берун аз гунбади осмон нишон медод. Чунин тасвир дар глобусҳои осмон истифода шудааст. Атласи Ҳевелий бо оро­иши бадеиаш фарқ мекунад ва бурҷҳо ҳамшафати ҳамдигар тасвир ёфтаанд. Дар атласи худ ӯ якчанд бурҷи нав: Сагҳои Шикорӣ, Сусмор, Шери Хурд, Силовсин, Судс, Сипар, Рӯбоҳак ва ғайраро дохил мекунад, ки баъзеа­шон мавриди истифода қарор нагирифтанд. Атласи «Atlas Coelestis», ки онро мунаҷҷими дарбори шоҳи Англия Ҷон Флемстид (1646–1719) дар асоси мушоҳидаҳои худ тартиб додааст, пас аз марги ӯ дар соли 1729 чоп шуд. То чопи ин атлас дар Британиё феҳристи ситораҳои «Stellarum inerrantium Catalogus Britannicus» (1725) иборат аз 2919 ситора мавҷуд буд.
Атласи Флемстид нисбат ба атласҳои мавҷуда андозаи калон дошта, аз 26 харитаи бурҷҳои асосии аз Гринвич мушоҳидашаванда иборат ва дар услуби рококо тасвир шуда буд. Дар он инчунин ду тасвири гунбади осмон (планисфера) оварда шудааст. Яке аз мақсадҳои асосии чопи атлас тағйир додани тасвири бурҷҳое буд, ки Иоганн Байер дар «Уранометрия»-и худ қабул кардааст. Чунки тасвирҳо на аз муқобили он, балки гӯё аз поин ба боло (чӣ тавре ки дар замони Батлимус қабул шуда буд) гирифта шуда, осмони ситоразорро чаппа нишон медоданд. Дар атласи Флемстид харитасозии осмон ба савияи нави баландтар мегузарад. Саҳеҳияти нишонаи ситораҳо ба стандартҳои замона мувофиқ ва вазъи ситораҳо бо ёрии афзори оптикӣ муайян карда шуда буданд. Дар атлас бори аввал силсилаи устувои (экваторӣ)-и координатаҳо истифода шудааст, ки он бо гардиши гунбади осмон ва даврзании телескоп дар гирди меҳвари худ хуб мувофиқат мекард. Лекин дар харитаҳои Флемстид силсилаи доиратулбуруҷӣ (эклиптикӣ)-и координатаҳо низ истифода шуда, давраи харитаҳои ду шабакаи координатӣ оғоз меёбад. Дар тартиб додани харитаҳо Флемстид аз тарҳи синусоидалӣ истифода намуд, ки онро «Тарҳи Сансон–Флемстид» низ меноманд. Атласи Флемстид чанд мартаба нашр шуда, яке аз нашрияҳои маъруфи замон буд ва ба забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ тарҷума шудааст. Хатои асосии атлас дар он буд, ки Флемстид силсилаи ишораи ситораҳои мушоҳидашавандаро аз рӯи тартиби уруҷи рости онҳо ворид намуда, худ онро на ҳама вақт иҷро мекард. Изофа бар он атлас нархи гарон, андозаи калон ва сифати пасти бадеӣ дошта, ситораҳо бо алифбои юнонӣ ишора шуда буданд. Бо ин камбудҳо мунаҷҷими фаронсавӣ Жозеф Ҷером Лаланд (1732–1807) дар вақти нашри фаронсавии феҳристи Флемстид (1780) дучор гашт.

 
Харитаи ситораҳои J. E. Bode дар соли 1782

Соли 1731 атласи ситораҳои мунаҷҷими олмонӣ Крис­тиан Землер (1669–1740) чоп шуд, ки дар он тасвири бурҷҳо бори аввал дар заминаи сиёҳ омадаанд.

Бо мақсади беҳтар намудани атласи Флемстид, доктор Ҷон Бевис (кашшофи «Меҳҳои харчангшакл», 1731) дар соли 1745 атласи «Uranographia Britannica»-ро чоп кард. Тасвирҳои албом хубтар, ислоҳу илова ворид ва андозаи атлас хурдтар шуда буд. Пас аз мушоҳидаҳои иловагӣ муҳандиси фаронсавӣ Николя Фортен дар соли 1770 таҳти роҳбарии мунаҷҷимон Пйер Ле Монӣе ва Шарл Мессйе аз Академияи илмҳои Фаронса корҳоро оид ба чопи атласи Флемстид оғоз намуд. Албоми нав «Atlas Fortin-Flam­steed» ном дошта, аз нусхаи аслӣ се маротиба хурд ва сохторашро нигоҳ дошта буд. Баъзе тасвирҳои бурҷҳо (Андромеда, Сунбула, Далв) такмили бадеӣ (ретуш) дода шуданд. Номи бурҷҳо ба забони фарон­савӣ навишта шуда, баъзе меҳҳои пас аз марги Флемстед кашфшуда илова гардиданд (1795).
Харитасоз ва ахтаршиноси олмонӣ Христиан Фридрих Голдбах (1763–1811) соли 1799 атласи «Neuster Himmels-At­las» («Атласи нави осмон»)-ро чоп кард, ки дар он нусхаи сиёҳу сафеди тасвири бурҷҳои Ҷон Флемстидро истифода бурдааст. Яке аз хусусиятҳои атлас дар он аст, ки Голдбах ҳар як харитаро дар ду вариант: танҳо ситораҳо (бе шабакаи координатӣ ва шаклҳо) ва анъанавӣ бо тасвири бурҷҳо овардааст.
Ибтидои садаи XIX давраи инкишофи атласҳои бурҷҳо маҳсуб мешавад. Соли 1801 мунаҷҷими олмонӣ Иоган Элерт Бо­де (1747–1826) атласи машҳури худ «Uranographia sive astrorum descriptio»-ро чоп кард. Харитаҳои Боде қариб ҳамаи ситораҳои мушоҳидашаванда, инчунин баъзе ситораҳои қадри ситоравиашон то 8-ро дар бар мегирифт. Атласи Боде дар замоне тартиб дода шуд, ки шумораи бурҷ­ҳо қариб ба 100 мерасид. Худи Боде ситораҳои хурди ба чашм ноаёнро аз бурҷҳои дигар гирифта, чанд бурҷи номашон аҷиб тартиб дод, ки дар оянда қабул нашуданд: «Дастгоҳи кимиёвӣ», «Даст­гоҳи ҳайкалтарош», «Дастгоҳи матбаа», «Кураи ҳавоӣ», «Мошини барқӣ» ва ғайра Яке аз «бурҷҳо»-и Боде бо номи «Квадранти Мюрал» ҳоло чун сели шиҳобии Квадрантиҳо номида мешавад, ки дар қисми шимолии бурҷи Авво воқеъ аст. Боде дар харитаҳои худ аввалин шуда сарҳадди бурҷҳоро гузаронд, лекин ситораҳо байни бурҷҳо тақ­сим нашуда буданд. Боде сарҳадди бурҷҳоро ба намуди хатти каҷе гузаронд, ки баъзан он қатъӣ риоя намешуд. Аз ин рӯ, ситораҳо ба бурҷҳои гуногун тааллуқ дошта, як атлас хилофи атласи дигар буд. Ин амал то соли 1930 идома ёфт ва он сол Иттиҳоди байналмилалии ахтаршиносӣ (ИБА) расман рӯйхатти бурҷҳо ва сарҳадди байни онҳоро тасдиқ намуд. Ин сарҳаддот ба давраи соли 1875 мутобиқ буда, чун сарҳадди баъзе иёлоти ИМА қатъӣ ба самтҳои шимол–ҷануб ва ғарб–шарқ мувофиқат доштанд. Яке аз хидматҳои бузурги атласи Боде дар он аст, ки он дар тарҳи махрутӣ сохта шуда, тасвири бурҷҳо бо хатои камтарин оварда шудаанд. Атласи Боде соли 1819 бори дуввум нашр шуд ва он 17240 ситораро дар бар мегирифт. Дар ибтидои садаи XIX илми ахтаршиносӣ тараққӣ намуда, асбобу афзори ахтаршиносии дақиқ пайдо шуданд. Ҳанӯз дар садаи XVII механик ва оптики англис Ҷесси Рамсден (1735–1800) мошини дараҷабандии асбобҳои андозагирии ну­ҷу­миро ихтироъ кард. Дар натиҷа дар ибтидои пмри 19 саҳеҳияти андозагирии вазъи ситораҳо баланд ва натиҷаҳои му­шо­ҳидаҳо дақиқтар шуданд. Акнун имкони тайёр намудани феҳрист, атлас ва харитаи ситораҳои дақиқ пайдо шуд. Чунин диққат барои омӯзиши Кайҳон, чен кардани ҷой­ивазкунии ситораҳо, омӯзиши сохтор ва ҳаракати Галактикаи мо, инчунин барои геодезия ва баҳрнавардӣ лозим буд.
Оҳиста-оҳиста атласу харитаҳо бо расмҳои аҷиби бурҷҳо, ки дар асрҳои 17–18 васеъ паҳн шуда буданд, аз байн рафтанд. Лекин баъзе атласҳо бо чунин тасвирҳои аҷоибу ғароиб то ҳол чоп мешуданд. Яке аз чунин атласҳо «Celestial Atlas» («Атласи ситоравӣ»)-и Александр Ҷеймсон буд, ки соли 1822 дар Англия нашр шуд ва кӯши­ши аввалини мувофиқ сохтани атлас ва роҳнамои осмон (маълумотнома) барои дӯстдорони ахтаршиносӣ буд. Дар он бурҷи нав – «Соати Офтобӣ», ки байни бурҷҳои «Соат», «Ҳути Заррин» ва «Шуҷои Ҷанубӣ» ҷойгир буд, илова шудааст.
Соли 1826 атласи ахтаршиноси олмонӣ Фридрих Браун чоп шуд, ки дар он бурҷҳо дар заминаи кабуд омадаанд. Номи ситораҳо бо лотинӣ ва ҳарфҳои юнонӣ ишора, бо ранги зард оро дода шудаанд. Атласи мазкур соли 1850 дубора нашр шудааст.

 

1764 Messier Comet Star Chart

Соли 1829 дар Санкт-Петербург атласи бурҷҳои механик ва ахтаршинос К. Х. Рейссиг нашр шуд, ки аз 30 ҷадвал иборат буд. Он аввалин атлас ба забони русӣ буда, дар ду гуна, ки бо иҷрои харитаҳояшон фарқ мекарданд, мавҷуд аст. Дар гунаи аввал харитаи бурҷҳои ҳаккокишуда бо тасвири сиёҳу сафеди ҳайвоноти асотирӣ оро дода шудааст. Дар гунаи дуюм тасвирҳои зар­рин махсус дар заминаи сиёҳ оварда шудаанд, то ба осмони шабона шабоҳат дошта бошанд. Соли 1835 ахтаршиноси ҳаваскори амрикоӣ Э. Буррит атлас-роҳнамои «The Geography of the Heavens» («Ҷуғро­фияи осмон»)-ро тартиб дод, ки асари нахустини амрикоӣ дар ин соҳа буда, тамоми осмонро дар 6 харита (2 қутбӣ, 4 устувоӣ) фаро гирифтааст.
Дар расм харитаи бурҷҳои зимистонӣ омадааст, ки дар марказ бурҷи Ҷаббор воқеъ аст. Дар ҳошияҳои болоӣ ва поёнии харита миқёс (шкала)-и тақвим бо хатҳои амудӣ оро дода шуда, ситораҳои нисфуннаҳори (меридианӣ)-и дар соати 9-и бегоҳии (вақти маҳаллӣ) рӯзҳои гуногуни сол бурида гузарандаро нишон медиҳад.
Ба давраи нави атласҳои осмони ситоразор ахтаршиноси олмонӣ Фридрих Вилгелм Аргеландер (1799–1875) асос гузошт. Аввалин атласи ситораҳои муосир «Urano­met­ria Nova of 1843» («Уранометрияи нав»)-и Ф. В. Аргеландер мебошад, ки 17 харита ва феҳристи ситораҳои бузургииашон то 6 дошт. Дар он ишораи ситораҳо мураттаб, сарҳадди бурҷҳо муайян ва бузургии ситоравӣ дақиқ нишон дода шудаанд. Ф. В. Аргеландер усули одии баҳо­диҳии ҷилои ситора нисбат ба ситораҳои ҳамсояи доимӣ (усули дара­ҷа­ҳо), то ҳиссаҳои даҳӣ андозакунии бузургии си­то­ра­вӣ ва феҳристи муосири ситораҳои тағйирёбандаро ҷорӣ намуд. Ишораи ситораҳои тағйирёбандаи бурҷҳоро бо ҳарфҳои калони алифбои лотинӣ (аз R то Z) аз рӯи тартиби ошкор шуданашон пешниҳод намуд. Атласи мазкур чун муқаддимаи асари дигари бузурги Ф. В. Аргеландер «Bonner Durchmusterung» («Хулосаи Бонн») маҳ­суб мешавад, ки соли 1852–59 барои чопи он бо шигирдонаш мавод ҷамъоварӣ намудааст. «Bonner Durch­mus­te­rung» соли 1863 нашр шуда, 37 харита ва феҳристи 324198 ситораро дар бар мегирифт, ки майлашон аз +90° то –2° аст. Яке аз шогирдони Аргеландер – Эдуард Шенфелд (1828–1891) ба атласи ӯ 135000 ситораро бо майли –23° илова намуда, соли 1886 атласи «Südliche Bonner Durch­mus­terung» («Хулосаи ҷанубии Бонн»)-ро чоп кард. Соли 1872 математик ва ахтаршиноси олмонӣ Эдуард Ҳейс (1806–1877) дар асоси атласи Ф. В. Аргеландер атласи «Аtlas Сoelestis Novus» («Атласи нави осмон»)-ро нашр кард. Атлас 12 ҷадвал ва 5421 ситораи дар арзҳои Аврупои Марказӣ мушоҳидашавандаро дар бар мегирифт. Э. Ҳейс тасвири бурҷҳои Ф. В. Аргеландерро истифода намуда, онҳоро бо хатти сурхи борик ҷудо кардааст. Атласи мазкур барои истифодаи ҳам ахтаршиносони касбӣ ва ҳам ҳаваскорон пешбинӣ шуда, бо иштиёқи тамом дар байни ҳаводорон истифода мешуд. Масалан, энсиклопедияи Брокҳауз ва Эфрон дар тавсифи бурҷҳо аз атласи Э. Ҳейс ёдовар мешавад. Аз он инчунин ахтаршиноси белгиягӣ Эжен Жозеф Делпорт (1882–1955) истифода намудааст, ки соли 1930 барои ИБА тавсифи сарҳадди нави бурҷҳоро тайёр кард. Соли 1878 Э. Ҳейс «Atlas Coelestis Eclipticus» («Атласи доиратулбуруҷи осмон»)-ро бо шарҳи гунбади осмон махсус барои мушоҳида ва тавсифи рӯшноии доиратулбуруҷ чоп кард. Азбаски ин ҳодиса танҳо бо фазои сатҳҳои мадории сайёраҳои Манзумаи Офтоб маҳдуд аст, атлас соҳаи доиратулбуруҷи осмонро дар бар мегирад. Атласи мазкур тасвири бурҷҳоро надорад ва танҳо сарҳад ва ситораҳоро нишон медиҳад. Мушоҳидаҳои олимони зикршуда дар Олмони Шимолӣ доир шуда, натиҷаашон дуртар аз 40° тарокуми ҷанубии Нимкураи Ҷанубиро фаро намегирифтанд. Ин камбудро ахтаршиноси амрикоӣ Бенҷамин Апторп Гулд (1824–1896) ислоҳ кард. Соли 1879 ӯ атласи «Uranoraelria Argentina» («Уранометрияи Аргентина») ва феҳристи 10649 ситораи ҷанубии бузургиашон то 7-ро чоп кард. Инчунин ӯ феҳристи минтақавии 73160 ситора (1884)ва феҳристи умумии 32448 ситораро (1886) тайёр ва нашр намуд.
Бо ихтирои аксбардорӣ (сри 19) кори ахтаршиносону атласнигорҳо осон шуда, акнун атласҳо бо акси си­то­раҳо чоп мешуданд. Яке аз кӯшишҳои сохтани атласи калонҳаҷми аккосӣ лоиҳаи «Carte du Ciel» («Харитаи осмон») буд, ки бо қарори махсуси Конгреси байналмилалии ах­тар­шиносӣ соли 1887 оғоз шуд. Ин кор дар 21 расадхонаҳои ҷаҳон иҷро шуда, бояд 22000 акси атласи осмони ситоразор то бузургии ситоравии 15 тайёр мешуд, лекин кори лоиҳа то ба охир наанҷомид ва атлас рӯи чопро надид. Дар аввали садаи XX аксбардори ҳаваскори англис Ҷон Франклин-Адамс (1843–1912) атласи «Franklin-Adams Charts» («Атласи Франклин-Адамс»)-ро тайёр кард, ки аз 206 харита иборат буда, тамоми осмонро фаро мегирифт. Атлас пас аз марги Франклин-Адамс дар соли 1914 чоп шуд. Гунбади осмон ба қисмҳои 15°-и тақсим ва ситора­ҳои бузургии ситоравиашон то 17 ба он дохил шудаанд.

Атласҳои муосир вироиш

 
Осмони шаб.Luoyang, Чин

Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (ибтидои солҳои 60 садаи XX) ахтаршиноси ҳаваскори олмонӣ Ҳанс Веренберг (1910–1991) атласи машҳури аккосии «Falkauer Atlas»-ро бо ситораҳои бузургиашон то 13 чоп кард. Он аз 303 варақи андозаи ҳар кадом 12×12° иборат буд. Пас аз чанде ӯ атласи калонҳаҷми «Atlas Stellarum 1950.0»-ро нашр кард, ки аз 450 харита иборат буд ва ситораҳои бузургиашон то 14-ро дар бар мегирифт.
Камбуди атласҳои аккосии зикршуда дар он буд, ки бузургиҳои ситоравӣ дар миқёси аккосӣ аз акси ҳақиқи­ашон тақрибан 2,5 баробар хурдтар нишон дода мешуданд. Аз ин рӯ, масъалаи мутобиқгардонии майдонҳои муайяни ситораҳо, бахусус дар Роҳи Каҳкашон пеш омад. Ин мас­ъаларо соли 1979 К. Папандопулас ва Ч. Сковил бо нашри атласи «The True Visual Magnitude Photographic Star At­las» («Атласи аккосии мушоҳидаи бузургиҳои ситоравии ҳақиқӣ») ҳал карданд. Он аз 456 харитаи аккосӣ иборат буда, барои аксҳои дақиқ аз таҷҳизоти махсус истифода шудааст.
Яке аз атласҳои аккосии сифаташ баланд атласи расадхонаи Маунт-Поломар ва Ҷамъияти миллии ҷуғрофии ИМА – «National Geographic Society-Palomar Sky Sur­vey» мебошад, ки бо ёрии телескопи аккосии сохти Шмидти қутраш 122 см дар сғҳои 1949–56 аксбардорӣ шудааст. Атласи мазкур осмонро то майли –33° пӯшида, аз 935 ҷуфт харитаи (яке дар нури кабуд ва дигаре дар нури сурхи спектр (тайф) аксбардорӣ шудааст) андозаи ҳар кадом 36° мураббаъ иборат аст. Андозаи харитаҳои аккосишуда 35,6×43,2 см буда, дар онҳо ҷирмҳои осмонии бузургии ситоравиашон то 21 омадаанд.
Соли 1948 ахтаршиноси чех Антонин Бечварж (1901–1965) мушоҳидаҳои расадхонаи «Skalnate Pleso» («Кӯли куҳӣ»)-ро ҷамъбаст намуда, атласи «Atlas Coeli 1950.0» («Атласи ситораҳои соли 1950»)-ро чоп кард. Атлас аз 16 харитаи осмони ситоразор (аз қутби ҷанубӣ то шимолӣ) иборат буда, ситораҳои (ҳамагӣ 32571) бузургиашон то 7,75, 443 ситораи нав, 249 тарокуми ситоравӣ, 1130 силсилаҳои берунигалактикӣ, инчунин ашёи дигарро низ дар бар мегирад. Атласи мазкур дар ИМА бо номи «Atlas of Heavens» («Атласи осмонҳо») чоп шудааст.
Соли 1958 А. Бечварж атласи «Atlas Eclipticalis» («Атласи доиратулбуруҷ»)-ро нашр кард, ки ба он ситораҳои майлашон аз –30° то + 30° ва мувофиқи таснифи спектралиашон рангшуда дохил шудаанд. Роҳи Каҳкашон ва дигарон ашёи кайҳонӣ низ ранга тасвир шудаанд, ки яке аз навовариҳои ин соҳа маҳсуб мешуд. Дар солҳои минбаъда ӯ ин амали худро идома дода, атласи «Atlas Bo­rea­lis» («Атласи гунбади шимолии осмон», 1962) ва «Atlas Australis» («Атласи гунбади ҷанубии осмон», 1964)-ро нашр кард.
Соли 1981 ахтаршиноси ҳаваскори ҳолландӣ Вил Тирион (1943) атласи «Sky Atlas 2000.0» («Атласи осмони 2000»)-ро чоп кард, ки якумин атласи координатаи даврони нав буд. Он дар ду вариант: заминаи сиёҳу ситорагони сафед (Field) ва заминаи сафеду ситорагони сиёҳ (Desk) нашр шуд. Охири ҳамон сол В. Тирион варианти рангаи атлас («Deluxe»)-ро чоп намуд. Дар атласи Тирион 43000 ситораи бузургиашон то 8 ва дар 30 харитаи осмон 2500 ашёи ғайриситоравӣ мавҷуд буданд.
Бо ворид шудани компютер ба ҳаёти ҳаррӯзаи инсон ашёи осмон ба атласу харитаҳо ба воситаи компютер ворид карда мешуд. Яке аз чунин атласҳо «Smithsonian Ast­rophysical Observatory Star Atlas» («Атласи ситораҳои расадхонаи астрофизикии Смитсониан») буд, ки соли 1960 чоп шуд. Он дорои феҳристи чорҷилдаи 260 ҳазор ситораи бузургиашон то 9 буд. Атлас барои аз рӯи ситораҳо мавқеи худро муайян намудани радифони маснӯи Замин ва истгоҳҳои кайҳонии радиоинтиқолдиҳанда пешбинӣ шуда, саҳеҳии бештар дошт.
Дуюмин атласе, ки дар он ашёи кайҳонӣ ба воситаи компютер ворид ва техникаи навини муосир истифода шуда буд, «Uranometria 2000.0» («Уранометрия 2000.0») аст. Он соли 1987 чоп ва барои мушоҳидону ҳаваскорони ашёи гуногуни кайҳон пешбинӣ шудааст. Атлас зиёда аз 280 ҳазор ситора ва 30 ҳазор ашёи кайҳониро дар бар гирифта, сарҳадди бурҷҳо пурра нишон дода шудаанд. Нашри дуюми комил ва таҷдидиназаршудаи атлас дар 3 ҷилд соли 2001 бо номи «Uranometria 2000.0 Deep Sky Atlas» чоп шуд, ки 280335 ситораи бузургиашон то 9,75-ро дар бар мегирад. Ҷилди 1 харита нимкураи шимолиро то −6° ва ҷилди 2 харитаи нимкураи ҷанубиро то +6° тасвир мекунад. Инчунин дар атлас зиёда аз 30 ҳазор ашёи кайҳонии дурдаст, аз ҷумла дар харита 25895 галактика, 671 тарокуми галактикаҳо, 1787 тарокуми сито­равӣ (аз ҷумла тарокуми Абрҳои Магеллан), 14 абри ситоравӣ, 377 меҳҳои равшан, 367 меҳҳои торик, 1144 меҳҳои сайёравӣ, 260 манбаи афканиши радиоӣ, 35 манбаи рентгенӣ, квазарҳо ва ғайра ба тарзи ранга нишон дода шудаанд. Ҷилди 3 роҳнамои ашёи кайҳонии дурдаст (Deep Sky Field Guide) буда, аз ҷадвалҳои натиҷаҳои илмии ашёи ҷилдҳои 1 ва 2 иборат аст.
Дар замони муосир, ки технологияи компютерӣ ба дараҷаи баланд расидааст, ғайр аз нашрияҳо атласу харитаҳои электронӣ (online) дар Интернет пайдо шудаанд. Яке аз чунин барномаҳо «Google Sky» (замимаи Google Maps) аст, ки 27 августи 2007 оғоз шуд. Дар он фазои кайҳонӣ бо телескопи Ҳаббл аксбардорӣ шуда, истифодабарандагон дар лаҳзаи дилхоҳ қитъаи зарурии осмони ситоразорро мушоҳида карда метавонанд. Соли 2003 олимони амрикоӣ тибқи лоиҳаи 2МАSS харитаи сеандозаи осмони ситоразорро сохтанд, ки дар он тақрибан 500 млн ашёи кайҳонӣ (ситораҳо, галактикаҳо ва ғайра) акс ёфтаанд. Раёсати таҳқиқи аэрокайҳонии Ҷопон харитаи инфрасурхи осмони ситоразорро дар 6 дарозии мавҷи соҳаи инфрасурхи спектр (18, 65, 90, 140, 160 мкм) тартиб дод.
Ҳоло харитаҳои осмони ситоразори «National Geographic», «StarCalc Home Page», «Google Sky», «Photopic Sky Survey» ва ғайра машҳуранд, ки аксҳои босифатро дар соҳаҳои гуногуни спектр пешниҳод мекунанд. Харитаҳои осмони ситоразори универсиалие мавҷуданд, ки бо нишон додани замону макон, харитааш пайдо мешавад (масалан, www.astronet.ru/db/map).[1]

Паайвандҳо вироиш

Манобеъ вироиш

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.58-63 / М. Холов.
  • Сторм Данлоп. Атлас звездного неба.Москва, 2007;
  • Ян Ридпат.Звезды и планеты. Атлас звездного неба. Москва, 2004;
  • Колчинский И. Г., Корсунь А. А., Родригес М. Г. Астрономы. Киев, 1986;
  • Клав­­дий Птолемей. Аль­магест.Москва, 1998; Ньютон Р. Р. Преступление Клавдия Птолемея. Москва, 1985;
  • Шимбалев А. А. Атлас звездного неба. Москва, 2004;
  • Матвиевская Г. П. Абд ар-Рахман ас-Суфи. Москва, 1999;
  • As-SufiAbdal-Rahman. Two books on the use of the Astrolabe. Ed. F.Sezgin, Frankfurt, 1986.