Ато Аҳроров (3 июли 1938, Самарқанд — 25 майи 2023, ҳамон ҷо) — мунаққид, синамошинос, номзади илми санъатшиносӣ (1967). Узви Иттифоқи кинематографистони СССР (1968), узви раёсати Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон (1981—1996). «Аълочии кинематографияи СССР» (1979), Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1991).[1]

Ато Аҳроров
Ато Аҳроров
Таърихи таваллуд 3 июл 1938(1938-07-03)
Зодгоҳ Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 25 май 2023(2023-05-25) (84 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ санъат
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Университети давлатии Самарқанд ба номи А.Навои
Ҷоизаҳо “Аълочии кинематографияи СССР”, Арбоби ҳунари Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Ато Аҳроров Омӯзишгохи педагогии шаҳри Самарқанд (1955) ва шуъбаи тоҷикии факултети филилолгии Университети давлатии Самарқанд ба номи А.Навоиро хатм кардааст (1960). Сипас ба Душанбе кӯчидааст. Фаъолияти кориашро аз вазифаи лаборанти калон ва ходими хурди илмии шуъбаи таърихи санъати Институти таърихи ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон (1960—1961) оғоз намудааст. Сафари хидматӣ ба Афғонистон ба ҳайси тарҷумон (1962—1963). Аспиранти Институти таърихи санъати Вазорати маданияти СССР (1963—1967). Пас аз дифои рисолаи номзадӣ аз рӯи мавзӯи «Кинои тоҷик дар солҳои 1929—1965», ходими хурди илмӣ (1966—1969), ходими калони илмӣ (1969—1986), ходими пешбари илмӣ (1986—1994), мудири шуъбаи таърихи санъати Институти таърихи ба номи А.Дониш Академияи илмҳои Тоҷикистон(1994—1995). Соли 1996 ба шаҳри Самарқанд кӯчидааст. Муаллими кафедраи илмҳои ҷамъиятии Донишкадаи тиббииёти шаҳри Самарқанд (1997—2003). Аз соли 2005 — дотсенти кафедраи илмҳои гуманитарии шуъбаи Самарқандии Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Аввалин муҳаққиқи таърихи кинои тоҷик, мунаққиди кино, узви шӯроҳои бадеӣ ва коллегияи «Тоҷикфилм» ва «Тоҷиктелефилм», барандаи барномаи телевизионии « Дар олами кино», муаллифи асару мақолаҳо доир ба масъалаҳои эстетика, санъати кино ва театр, мақолаҳои илмӣ ва илмии оммавӣ дар маҷмӯаҳои илмӣ, энсиклопедия ва матбуоти даврӣ.[2]

Даргузашт вироиш

Ато Аҳроров солҳои охир аз бемории дил ранҷ мебурд, шоми 25 майи 2023 даргузашт[3].

Осор вироиш

  • Таджикское кино: 1929—1969 гг. — Душанбе, 1971,
  • История советского кино, асари 4-ҷилда, (бобҳо оид ба кинои тоҷик) — Москва, 1969—1978,
  • На экране таджикские фильмы. — Душанбе, 1968 (бо ҳамқаламии В.Савченко),
  • Санъати кино. — Душанбе, 1974,
  • Таджикское кино: 1969—1974 гг. — Душанбе, «Дониш», 2010,

Муратиб ва яке аз муаллифони маҷмӯаи дастаҷамъии:

  • Таджикский экран. — Душанбе, 1980,
  • Кино Таджикистана. — М., 1982 (бо ҳамқаламии С.Азизова),
  • Тоҷикфилм дирӯз ва имрӯз.Буклет. — Потсдам, 1988,
  • Санъати кинои Осиёи Миёна (боби кинои тоҷик). — Париж, 1991,
  • Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат. — Душанбе, 2003/(роҳбари гурӯҳи муаллифон ва яке аз муаллифон) ва ғ.[4]

Эзоҳ вироиш