Аудит
Ауди́т (лот. аudit — шунида, фаҳмидан) — дар иқтисодиёт таҳлили молиявӣ, тафтиш ва бозрасии вазъи молиявии корхона.
Таърихи аудит
вироишАудит бори аввал садаи XIV дар Англия, аз рӯзи барӯйхатгирии амвол мавриди истифода қарор гирифтааст. Вале дар аксари адабиёти илмӣ, олимон пайдоиши аудитро ба садаи XVI мансуб донистаанд. Ҳуқуқи назорати китобҳои ҳисобдорӣ дар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ҳанӯз дар ин давра ҷорӣ шуда буд ва аудитор-муфаттиш бозрасеро мегуфтанд, ки фаъолияти молиявию хоҷагиро дар асоси қарордод ё бо талаби мақомоти молия назорат мекунад, тафтиш менамояд ва машварат медиҳад.
Буҳрони иқтисодии ҷаҳонии солҳои 1929–1933 ба инкишофу равнақи аудит мусоидат намуд. Ҳамон солҳо муфлисии корхонаҳои ҷумҳуриҳои сотсиалистии навбунёд ҷараён дошт ва аз аудиторони соҳибихтиёр тартиб ва тасдиқи ҳисоботу тавозун (баланс)-и корхонаҳоро тақозо мекард. Аудит воситаи пурқуввати назорату тафтиши қаллобон, дуздон, ғоратгарон, вайронкунандагони тартибот ва риояи дурусти қонуни ҳисобдорӣ мебошад. Дар охири солҳои 40 садаи XX доираи аудит чун воситаи тасдиқи ҳисобот ва амалӣ гардондани назорат маҳдуд гашта буд. Аудиторон бештар ба санҷиши санадҳои тасдиқгардида, амалиёти ҳисоб ва санҷиши дурусти гурӯҳбандии ин амалиёт дар ҳисобот сарукор доштанд. Яъне аудит ба сифати тасдиқкунанда фаъолият мекард. Баъди соли 1949 аудиторони соҳибихтиёр ба масоили назорати дохилӣ дар ширкатҳо диққати бештар доданд. Зеро ба ақидаи онҳо, зимни самаранок анҷом додани фаъолияти худ, рафтору амали эҳтимолӣ, интихобҳои ночиз ва маълумоти ҳисоботӣ пурра кифоя мекард. Такмили аудит ва ташаккули ихтисоси аудиторӣ боис шуд, ки аз байни аудиторон мутахассисони ҳуқуқии андозу андозситонӣ, мушовирон, таҳлилкунандагон, идоракунандагон арзи ҳастӣ кунанд. Дар мамлакатҳои мутараққӣ фаъолияти аудиторӣ ба амал омада, рушд ёфт. Яке аз афзалиятҳои ин фаъолият дар Амрико аз он иборат аст, ки ба ғайр аз мақомоти ҳисобдорон ва аудиторон, боз созмонҳои гуногуни аудитории касбӣ, ба мисли аудиторони дохилӣ, ки аудиторони воқеиянд, васеъ фаъолият менамоянд. Усулан роҳбарони саридораи назорати буҷавии ИМА ва ҷамъияти аудиторон мутахассисони соҳаи аудит мебошанд.
Аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
вироишҚонуни ҶТ асосҳои ҳуқуқи амалӣ гардондани фаъолияти аудиториро муайян сохтааст, ки ба таъсиси маҷмӯи назорати хоҷагию молиявии мустақил барои ҳимояи амволи шахсӣ, коллективӣ, ҷамъиятӣ, сиҳомӣ ва моликияти давлатӣ равона гаштааст. Асосҳои ҳуқуқи фаъолияти аудиториро муносиботе ташкил медиҳанд, ки ба амалӣ гардидани он дар ҶТ марбутанд ва тибқи қонуни мазкур, қонунҳои дахлдор ва дигарон асноди меъёрию ҳуқуқии ҶТ танзим мешаванд. Аудити дохилӣ дар соҳаи молияи давлатӣ дар ҶТ - фаъолияти мустақил ва объективӣ оид ба гузаронидани санҷиш, баҳодиҳӣ ва машваратдиҳии низомҳои идоракунӣ ва дигар низомҳо, ки бо мақсади мусоидат намудан ба фаъолияти қонунӣ, самаранок ва натиҷабахши ташкилотҳои бахши давлатӣ анҷом дода мешавад.[1]
Аудиторон дар фаъолияти худ бояд ба ду бахши санадҳои меъёрӣ такя кунанд:
- – қонунгузории давлатӣ ва пеш аз ҳама риояи қонуни фаъолияти аудиторӣ;
- – меъёр (стандарт)-ҳои аудиторӣ ва дигарон қонунгузориҳо.
Тартиби санҷиш
вироишТартиби санҷиш (аттестатсия) барои ҷорӣ кардани фаъолияти аудиторӣ ва тартиб додани иҷозатнома (литсензия) барои амалӣ гардондани санҷишҳоро Ҳукумати ҶТ(бо қарори №259 аз 19 июли соли 2000) тасдиқ намудааст. Тибқи ин қарор ташкилотҳои дахлдор таҳия ва тасдиқи стандартҳои меъёрӣ ва қоидаҳои амалӣ гардондани санҷишҳои аудиторӣ, тасдиқи нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти хоҷагиҳои субъектро ба зимма гирифта, аз рӯйи бахши нишондиҳандаҳо тафтиши ҳарсолаи ҳисоботи молиявиро доир менамоянд. Айни замон чунин масъулиятро Вазорати молияи ҶТ ба дӯш дорад. Тибқи қонуни ҶТ «Оид фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19.06.2000 № 259 барои аудиторон чунин маҳдудиятҳо мавҷуд аст, яъне инҳо наметавонанд санҷиши аудиториро анҷом диҳанд:
- – аудитороне, ки худашон саҳмгузору роҳбар ва масъули корхонаҳои санҷишианд, аз рӯйи вазъи ҳисоботи молиявӣ ҷавобгаранд ва бо санҷидашаванда хешу таборӣ доранд;
- – корхонаҳое, ки худашон ҳам саҳмгузору ҳам хусусигардонандаанд;
- – корхонаҳое, ки вобастагии фаръию умумӣ доранд, шуъба ва субъектҳое, ки дар сармояашон ин гуна ширкатҳои аудиторӣ саҳм доранд ва дар ин корҳонаҳоро санҷида, намояндагии худро вобаста кардаанд;
- – аудиторон ва ширкатҳои аудиторие, ки барои ин корхонаҳо хидмати барқароркунӣ ва ташкили баҳисобгирии молиявӣ кардаанд, инчунин дар ташкил кардани назорат, тартиб додани ҳисоботи молиявӣ ба онҳо хидмат мерасонанд.
Меъёрҳои умумӣ
вироишБарои анҷом додани аудит меъёрҳои умумӣ бояд риоя шаванд. Аз ин нуқтаи назар, субъектҳои иқтисодиро ба қисмҳо ҷудо кардан мумкин аст, яъне ҳисоботи молиявӣ, андозситонӣ, ҳисоббаробаркуниҳо бо хазинаҳои ғайрибуҷавӣ. Аудиторон аз рӯйи ҳисоботи молиявӣ фаъолият намуда, асоснок будани онро тасдиқ мекунанд ва ҳуқуқи ба мақомоти дигари назораткунанда вогузор кардани вазифаи худро надоранд. Иштибоҳҳое, ки дар ҳисоби андозситонӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо бо хазинаҳои ғайрибуҷавӣ, асосан аз рӯйи маълумоти ҳисоби молиявӣ, ошкор шудаанд ва ё дар ҷараёни санҷиш ба амал омадаанд, бояд дар санадҳои санҷидашуда зикр гардида, роҳҳои бартараф намудани онҳо низ пешниҳод гарданд. Мақсади асосии фаъолияти аудиторӣ дар асоси амалиёти молиявӣ ва хоҷагӣ, санадҳои меъёрии амалкунандаи ҶТ дурустии ҳисоботи молиявии корхонаҳоро муайян кардан аст.
Вазифаҳои аудитор
вироишШахсони ҳуқуқӣ, аудиторон ва шахсони ҳуқуқии ширкатҳои аудиторӣ новобаста ба шакли моликият, аз ҷумла хориҷиён ва корхонаҳои якҷоя бо шахсони ҳуқуқию воқеии хориҷӣ ташкилшуда, ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиториро доранд. Ғайр аз ҷамъияти сиҳомии озод, ширкатҳои аудиторӣ чун корхона сабти ном гардида, барои анҷом додани санҷиши аудиторӣ таъсис мешаванд ва дар шаклҳои ташкилию ҳуқуқии дар коргузории ҶТ пешниҳодшуда фаъолият мекунанд. Барои дуруст тартиб додани нақша ва беҳтар намудани сифати баҳисобгирию пешбинӣ кардани ҳаҷми кор аудитор бояд чунин вазифаҳоро иҷро намояд:
- Шарту шароити шартнома барои анҷом додани санҷиши аудиторӣ ва омӯзиши аудиторонро ба роҳ монад;
- Қонунҳои нав, низомномаҳо, дастуруламалҳо ва дигарон санадҳои меъёрии марбути фаъолияти корхонаҳои тафтишшавандаро омӯзад;
- Масоили муҳимми фаъолияти аудиториро муайян кунад;
- Дар шартҳои пешниҳодшаванда ҳаҷми корро муай-ян намояд;
- Системаи баҳисобгирӣ ва аудити дохилии корхонаи тафтишшавандаро муайян намуда, дараҷаи боварибахши аудитро баланд бардорад;
- Кори аудиторони дохилӣ ва имкони ба санҷиши аудиторӣ ҷалб кардани онҳоро таъмин намояд;
- Дар шуъбаву бахшҳои корхона тартиб додани тавозун (баланс)-и хароҷоти истеҳсолотро муайян созад;
- Зарурати вобаста намудани коршиносонро муайян кунад.
Аудитор дар ҷараёни санҷиши аудиторӣ метавонад дар нақшаи аудит тасҳеҳу ислоҳ ворид намояд.[2]
Эзоҳ
вироиш- ↑ [ http://medt.tj/documents/main/normativno-pravovie-akti/zakonodatelnie-akti/tj/02522-tj.pdf Бойгонӣ шудааст 8 марти 2016 сол. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Боби1, Моддаи 2]
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.84-85 / Ш. Ҷ. Комилов.
- Оймаҳмадов М., Раҳимов Ш., Раҳматова Г. Фарҳанги истилоҳоти байналмилалии бонкдорӣ. - Душанбе, 1999;
- Аренс А., Лоббек Дж. Аудит// Пер. с анг.; гл. редактор серии профессор Соколов Я. В., - М.: Финансы и статистика, 2001;
- Комилов Ш.Ҷ. Аудит (васоити таълимӣ). - Душанбе, 2005.