Афзалуддин Туркаи Хуҷандӣ

АФЗАЛУДДЍН ТУРКÁИ ХУҶАНДӢ (أفضلالدین ترکۀ خجندی ) (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва донишманди форс-тоҷик (асри XVI). Аз хонадони Турка, ки дар замони Салҷуқиён (асри 11) аз Хуҷанд ба Исфаҳон омада, муқимӣ шудаанд. Афроди ин хонадон ҳама аҳли илму адаб, соҳиби обрӯю эътибор будаанд. Афзалуддин дар замони Таҳмоспи Сафавӣ (ҳукмронӣ 1524–1546) қозии Исфаҳон будааст. Муаллифони тазкираҳову сарчашмаҳои адабии зиёде аз Афзалуддин чун шоири тавоно ва боистеъдод ёд кардаанд.

Афзалуддин Туркаи Хуҷандӣ
أفضلالدین ترکۀ خجندی
Таърихи таваллуд: асри XVI
Зодгоҳ: Хуҷанд
Навъи фаъолият: Шоир, донишманд

Аз абёт вироиш

Дар дӯзахи ҳиҷрон лаби кас кай хандад,

Ё хотири ӯ ба хуррамӣ пайвандад.

Гар он дӯзах чу дӯзахи ҳиҷрон аст,

Ҳошо, ки Худо ба кофарӣ бипсандад.

Сарчашма вироиш