Муҳаммадхон Афғон

(Тағйири масир аз Афғон, Мулло Гулмуҳаммад)

Афғон (ар. افغان) Мулло Гулмуҳаммад (соли тав. ва ваф. номаълум) — шоири тоҷик (охири садаи XVIII – ибтидои садаи XIX). «Афғон» ҳам тахаллус ва ҳам ишора ба зодгоҳаш – кишвари Афғонистон мебошад. Дар синни камолот барои идомаи таҳсили мадраса ба Бухоро омад. Пас аз хатми таҳсил ба хидмати дарбори ҳукмронон дохил гардид. Дар замони ҳукмронии амир Шоҳмурод (1785–1800) яке аз сарлашкарони боэътимоди Аморати Бухоро буд ва ба лақаби «Муқаррабулхоқон» соҳиб шудааст. Дар аҳди амир Ҳайдар (ҳукмронӣ 1800–1826) ва солҳои аввали ҳукмронии амир Насруллоҳ (1827–1860) муддате ҳокими шаҳрҳои Хатирчӣ ва Нурато будааст. Дар охири умр аз хидмати давлат даст кашида, ба эҷоди осори бадеъ машғул шуд. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо тақрибан дар соли 30 а. 19 дар Бухоро вафот кардааст. Аз Афғон девони ашъор боқӣ мондааст, ки дар он қасоид, ғазалиёт, рубоиёт, қитъаҳо, тарҷеъбанду таркиббандҳо фароҳам омадаанд. Аксари ашъори Афғон дар мавзӯи ишқи орифона суруда шудаанд. Аз мазмуну мундариҷаи баъзе ашъораш бармеояд, ки вай ба Бедил пайравӣ намуда, дар татаббуи ашъори ӯ шеърҳо гуфтааст. Маснавие дорад бо номи «Одили афғон». Дар тазкираҳо ва баёзҳои садаи XIX аз эҷодиёти Афғон чанд ғазалу рубоӣ ба забони пушту низ сабт гардидаанд. Мукаммалтарин нусхаҳои дастнависи девони Афғон дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ маҳфузанд. Абёти зерин намуна аз ашъори ӯст:[1]

Афғон
Мулло Гулмуҳаммад
Сурат
Таърихи таваллуд охири садаи XVIII
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт ибтидои садаи XIX
Маҳалли даргузашт
Падар Арабмуҳаммадхони I
Макун, эй боғбон, таклифи азми гашти гулзорам,
Бувад сайри чаман аз давлати мижгони хунборам.
Надорам дар баҳори муфлисиҳо зинати дигар,
Ба гирди хеш гардидан бувад чун ғунча дасторам.
Ба сад гарди кудурат гашта табъи равшанам пинҳон,
Шарори сангаму оина шуд дар зери зангорам.
Ҷудо з-он сарви гулрухсор ҳамчун булбулу қумрӣ
Ба чандин нолаи ҷонсӯз бо Афғон бувад корам.

Сарчашма вироиш

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.88 / А. Алимардонов.