«Ахлóқи Муҳсинӣ» (форсӣ: اخلاق محسنی‎) — асари пандуахлоқии Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки соли 1500 навишта шудааст.

Ахлоқи Муҳсинӣ

«Ахлоқӣ Муҳсинӣ» ба Абдулмуҳсин Мирзо – писари Ҳусайн Бойқаро бахшида шуда, аз муқаддима ва чил боб: аз ҷумла бобҳои ибодат, ихлос, шукр, сабр, ризо, таваккул, ҳаё, иффат, адаб, ҳиммат, азм, ҷидду ҷаҳд, субот, адл, афв, ҳилм, хулқу рифқ (некӣ) ва нармӣ, шафқат ва марҳамат, саховат ва эҳсон, тавозуъ ва эҳтиром, амонат ва хиёнат, вафо ба аҳд, сидқ, ҳоҷатбарорӣ, тааннӣ ва тааммул, машварат ва тадбир, дурандешӣ, шуҷоат, ғайрат, сиёсат, фаросат, иғтиноми фурсат (ғанимат донистани фурсат), талаби некномӣ, риояти ҳуқуқ ва ғайра иборат аст. Муаллиф барои шоҳ донистани ин сифатҳоро ҳатмӣ мешуморад ва дар ҳар боби асар доир ба ягон масъала нуқтаи назари шахсии худро баён карда, барои таъсирбахштар шудани он ҳикояту ривоятҳои таърихию воқеӣ меорад. Ӯ гоҳе дар зимни ҳикоятҳо бо рамз ё ошкоро қашшоқии мардум, авҷ гирифтани ҷабру зулм, бадахлоқию бадкирдории табақаҳои болоиро нишон медиҳад ва роҳҳои барҳам додани нобаробариро ҷустуҷӯ мекунад.

Тарҷума ва нашрҳо вироиш

«Ахлоқӣ Муҳсинӣ» дар байни хонандагон хеле машҳур буда, чанд бор ба табъ расидааст ва ба забони ӯзбекӣ низ тарҷума шудааст.

Соли 2009 Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик «Ахлоқӣ Муҳсинӣ»-ро дар силсилаи Энсиклопедияи насри тоҷику форс ба табъ расонд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш