Ашё (аз ар. ҷамъи шайъ – чиз) — дар ҳуқуқи шаҳр­вандӣ (гражданӣ) чизҳои моддӣ, шайъ (объект)-и ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои вобаста ба он.

Таъриф вироиш

Тамоми чизҳои олами моддӣ, ки дар ҳолатҳои гуногуни табиии физикавӣ қарор доранд (моеъ, сахт, дурушт, газӣ ва амсоли инҳо) ва ё дар натиҷаи меҳнати инсон офарида шудаанд ва ҳар он чизе, ки ба олами зинда ва ғайризинда мутааллиқ мебошад, ашё ном доранд. Ҳам­чунин дар муқо­иса бо дарки маъмулии ашё ҳамчун чизҳои визуалӣ (бо чашм) фарқшаванда, мафҳуми ҳуқуқии А. дорои мазмуни нисбатан васеъ мебошад (аз қабили нерӯи барқ, атом, гармӣ, сардӣ ва ғайра). Мақсади асосии эътироф намудани А. ба сифати шайъи ҳуқуқ ва уҳдадории шаҳрвандӣ аз таъмини эҳтиёҷоти шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлат дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти онҳо иборат аст. Ашёе, ки ба ҷамъият ва инсон барои истифода дастнорас мебошанд (масалан ҷирмҳои осмонӣ, ки одамон аз худ накардаанд), шайъи ҳуқуқи гражданӣ буда наметавонанд. Пул ва ко­ғазҳои қиматдор навъи махсуси А. мебошанд.

Навъҳои ашё вироиш

Қавонини шаҳрвандӣ (кодекси гражданӣ) навъҳои муайяни ашёро пешбинӣ менамояд, ки ҳар кадоми онҳо дорои мақоми ҳуқуқии худ мебошанд. Дар ин қонунҳо ҷиҳа­ти муқаррар намудани низоми мухталифи ҳуқуқӣ ашёҳо ба манқул ва ғайриманқул тақсим карда шудаанд. Ашёи манқул чунин ашёҳое мебошанд, ки ҷойивазкунии онҳо бе зарари номутаносибии таъйинот мумкин аст. Ба ашёҳои ғайриманқул он ашёе дохил мешаванд, ки ба замин алоқаи бевосита доранд ва ҷойивазкуниашон бе зарару зиён ба таъйиноташон имконнопазир аст. Ду навъи ашёи ғайриманқул аст: Ашёи табиатан ғайриманқул ва ашёе, ки мутобиқи қонун ғайриманқул дониста мешавад (кишти­ҳои баҳру дарёӣ, киштиҳои кайҳонӣ).

Корхонаҳо вироиш

Корхонаҳо. Ин истилоҳ ҳамчун шайъи ҳуқуқи шаҳр­вандӣ маҷмаа (комплекс)-и молумулкиест, ки барои ан­ҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешавад. Ба ғайр аз молумулк ашё ё ҳуқуқи молумулкӣ) корхона ҳуқуқ­ҳои муайяни истисноӣ дорад, масалан, ҳуқуқ барои ихтироъ ва намунаҳои истеҳсолоти саноатӣ, ки кормандони корхона офаридаанд, хидматрасонӣ ва амсоли инҳо. Корхона ҳамчунин уҳдадориҳои молумулкиро ба зимма дорад.

Ашёи тақсимшаванда ва тақсимнашаванда вироиш

Мо­­­лу мулке тақсимшаванда эътироф мешавад, ки ҳанго­ми тақсим таъйиноти аввалияи худро тағйир намедиҳад (хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, қувваи барқ, гармӣ ва ғайра). Агар бе тағйир додани таъйинот тақсим намудани ашё имконнопазир бошад, ашё тақсимнашаванда дониста мешавад (масалан, хона (квартира)-е, ки аз як ҳуҷра иборат бошад).

Ашёи мураккаб вироиш

Агар ашёҳои якнавъ чизи томми ба мақсади умумӣ истифодашавандаро ташкил намоянд, он ашёҳо ҳамчун як чиз арзёбӣ мешаванд (масалан, ҷуфти пой­афзор). Мафҳуми ашёи мураккаб унсурҳои зайлро дар бар мегирад: а) ба таркиби он ашёҳои гуногуннавъ дохил мешаванд; б) ашёҳо аз нигоҳи физикавӣ ба ҳам алоқаманд намебошанд; в) ҳар навъи ашёе, ки ба таркиби ашёи мураккаб дохил аст, метавонад мустақилона истифода шавад. Аксари ашёҳо сода мебошанд.

Ашёи асосӣ ва мансуб вироиш

Ашёи асосӣ он навъи ашё мебошад, ки дар муомилоти шаҳрвандӣ аҳаммияти муста­қил дошта, аз дигар ашёҳо вобаста нест. Ашёи мансуб барои хидмат кардан ба ашёи асосӣ таъйин шудааст.

Самара, маҳсулот ва даромад вироиш

Таҳти мафҳуми са­мара маҳсулоти баромадашон табиӣ, ки натиҷаи инкишофи органикии ҳайвонот ва наботот мебошанд (афзоиши ҳайвонот, паранда, шир, тухм, пашм, меваи дарахтон, буттаҳо, гул ва ғайра) фаҳмида мешавад. Мафҳуми маҳсулот мустақиман ба фаъолияти истеҳсолии инсон, ба ҳамаи зуҳуроти он ва мафҳуми даромад ба воридоти пулӣ ё дигар навъи воридот аз ширкат дар муомилоти шаҳрвандӣ алоқаманд аст. Мутобиқи қонунгузории ҷорӣ самара, маҳ­­­сулот ва даромад ба шахсе тааллуқ доранд, ки ашёро дар асоси қонун истифода мебарад. Ҳайвонот ҳамчун мавҷудоти зиндаи табиат дар низоми ашёи ҳуқуқи шаҳрвандӣ мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Мутобиқи Қонунҳои шаҳрвандӣ (Кодекси граж­данӣ) нисбат ба ҳайвонот қоидаҳои умумӣ оид ба молумулк истифода бурда мешавад.

Ашёи хосса вироиш

Он навъи ашё хосса дониста мешавад, ки аз ашёи дигар бо аломатҳои махсуси худ тафовут дорад (масалан, макони ҷойгиршавӣ, рақамҳои муфрад – мушаххас). Ин аст, ки ашёи хосса ивазнашаванда мебошад (масалан, худрави тамғаи муайян).

Пул вироиш

Ҳамчун шайъи ҳуқуқи шаҳрвандӣ пул як шакли махсуси молумулки манқулӣ мисли арзишҳои асъорӣ ва коғазҳои қиматдор мебошад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш