Аъзамҷон Байдуллоев

Аъзамҷон Ибодуллоевич Байдуллоев (тав. 27.04.1975, ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ), забоншинос, номзади илмҳои педагогӣ (2010).

Байдуллоев Аъзамҷон Ибодуллоевич
Таърихи таваллуд 27 апрел 1975(1975-04-27) (48 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳамадонӣ, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогока
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Зиндагинома вироиш

Аъзамҷон Байдуллоев солҳои 1997–2002 дар факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил кардааст. Солҳои 1994–1996 дар сафҳои Артиши Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат кардааст. Солҳои 2002–2007 ассистенти кафедраи филологияи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Солҳои 2005–2007 ҳамчун тарҷумон дар Институти илмӣ-тадқиқотии сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовари Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 2006–2008 ҳамчун муовини декани факултети забони англисии донишгоҳи омӯзгорӣ оид ба илм фаъолият намудааст. Аз соли 2007 муаллими калони кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва ҳамзамон аз соли 2009 мудири кафедраи номбурда буд. Дар риштаи педагогика ва таърихи педагогика рисолаи номзадии хешро ба итмом расонида, соли соли 2010 онро ҳимоя кардааст. Аз соли 2010 то соли 2012 дар вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума кор кардааст. Аз соли 2012 то 2017 дар вазифаи декани факултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2017 то соли 2018 дар вазифаи дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷумаи факултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ адои вазифа намудааст. Аз 25.04.2018 то ҳол ба ҳайси муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ адои вазифа намуда истодааст. Муаллифи 34 мақолаи илмӣ, як дастури таълимӣ, як монография буда, дар онҳо масъалаҳои назарияи тарҷума ва усули тадриси забони англисиро баррасӣ намудааст.[1].

Осор вироиш

  • Формирование теоретической и практической готовности будущего учителя к работе в школе: реализация прогностического потенциала оптимизации знаний студентов в процессе обучения иностранному языку // Современные гуманитарные исследования, М., 2009, № 6/39;
  • Развитие творческого потенциала учащихся как социально-педагогический аспект в процессе изучения иностранного языка // Вестник Таджикского национального университета, Д., 2010, №1(57);
  • Критерии оптимизации знаний и уровни владения учащимся иностранным языком // Вестник Таджикского национального университета, Д., 2010, №4(60);
  • Особенности перевода английских пассивных конструкции // Вестник Педуниверситета, Д., 2005, №6; Истисноҳо дар раванди тарҷумаи артикли забони англисӣ // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, Д., 2008, №2.

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Аъзамҷон Байдуллоев. tgpu.tj. 4 июни 2020 санҷида шуд.