Аэрофотосуратгирӣ

Аэрофотосуратгирӣ (аз аэро... ва юнонии photos – рӯшноӣ), аз дастгоҳҳои паранда (тайёра, чархбол, му­шакҳо, радифҳои маснӯи Замин ва ғ.) бо аэрофотоаппаратҳои махсус гирифтани акси маҳал. Аз рӯйи ин аксҳо харитаҳои топографии маҳалро тартиб медиҳанд. Аэрофотосуратгирӣ дар ҷустуҷӯи сарватҳои зеризаминӣ ва таҳқиқоти геологӣ, кишоварзӣ, корҳои ҳарбӣ, таҳқиқотҳои илмӣ, омӯзиши тағйирёбии иқлим ва ғ. истифода мегардад.

МанбаъВироиш