Аёс — якбора паст шудани ҳарорати рӯи замин ва қабати ҳавои назди­заминӣ дар охирҳои тирамоҳ, зимистон ва аввали баҳор. Аёс радиофаъол, адвективӣ ва адвективию радиофаъол мешавад. Вақте ки дар ҳавои соф боди сабук мевазад, афканишоти сатҳи замин ба дараҷаи баландтарин расида, аёси радиофаъол ба амал меояд. Дар натиҷаи аз ягон минтақа ба самти уфуқӣ босуръат ҳаракат кардани ҳавои хунук аёси адвективӣ рух медиҳад (нигар Адвексия). Дар як вақт ба амал омадани ин ду ҳодиса аёси адвективию радиофаъолро ба вуҷуд меорад. Дар охири тирамоҳ ва аввали баҳор дар натиҷаи аёс рӯи замин яхи тунук баста, ба соҳаи кишоварзӣ зарари калон мерасонад.

Сарчашма

вироиш