Оғоназар Ақназаров

(Тағйири масир аз Ақназаров Оғоназар)

Оғоназар Ақназаров — доктори илмҳои биологӣ (1991), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (2008), узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1997).

Оғоназар Ақназаров
Таърихи таваллуд 1940(1940)
Фазои илмӣ академики академияи илмҳои тоҷикистон,олим

Зиндагинома вироиш

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст (1962). ихтисос - «физиологияи рустаниҳо», Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ : физиологияи экологии рустаниҳо; омӯзиш, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои рустании сарзамини кӯҳистон. Муовини директор (1977-1981), директори Институти биологии Помир ба номи Х.Ю.Юсуфбекови Академияи илмҳои Тоҷикистон (1982-1986; 1996 - то имрӯз). Раиси Бахши Помири Академияи илмҳои Тоҷикистон (1997- то имрӯз).

Ҷоизаҳо вироиш

Бо медали «Ветерани меҳнат» тақдир шудааст.

Манобеъ вироиш

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.

Нигаред вироиш