Базидиомитсетҳо

Базидиомитсетҳо (лот. Basidiomycota, аз юн. basidion – таҳкурсӣ ва mykes – занбӯруғ) — як синфи занбӯруғҳои дараҷаи олӣ, ки узвҳои махсуси афзоиш – базидияҳо доранд.

Базидиомитсетҳо
Lepista nuda 041022.jpg
Lepista glaucocana
Таснифоти илмӣ
Номи илмии байналмилалӣ

Basidiomycota R.T. Moore, 1980

Зершуъба

ҲаётВироиш

Базидия дорои 4 спораи якҳуҷайра (базидиоспораҳо) буда, онҳо дар нешҳои махсус – стерагмаҳо ҷой гирифтаанд. Дар натиҷаи сабзиш дар ҳар як базидиоспора митселияҳои гаплоидӣ, яъне танаи занбӯруғ ҳосил мешавад. Сипас дар аксари базидиомитсетҳо ҳуҷайраҳои ҳамин митселий ё митселияҳои гуногун омезиш ёфта, митселияҳои диплоидӣ ҳосил мекунанд. Минбаъд дар базидияҳо мейоз рӯй медиҳад ва он бо ҳосил шудани чор ядро ба анҷом мерасад.

НамудҳоВироиш

Базидиомитсетҳо зиёда аз 15 ҳазор намудро дар бар мегиранд. Бисёрии онҳо ғизоӣ (мас., дили барра, карнайзанбӯруғ ва ғ.), баъзеашон заҳрнок (телпаки қозӣ, сиёҳак ва ғ.) мебошанд. Базидиомитсетҳое низ дучор мешаванд, ки дарахтро мепӯсонанд, ба зироат зарар мерасонанд.

Базидиомитсетҳо ба ду зерсинф тақсим мешаванд: холобазидиомитсетҳо (Holobasieliomycetes; базидияашон якҳуҷайравӣ аст) ва фрагмобазидиомитсетҳо (Phragmobasidiomycetes; базидияашон чорҳуҷайравӣ ё якҳуҷайравии нокшакл мебошад).

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш