Баккал Рамзия Усейнова (Тарсинова; 9 декабр 1926, Simferopol[d]7 апрел 2021[1], Қрим) — раққоса ва балетмейстери тоҷик, Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон (1983).

Рамзия Баккал
Таърихи таваллуд: 9 декабр 1926(1926-12-09)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 7 апрел 2021(2021-04-07)[1] (94 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Касб: раққоса, балетмейстер, хореограф
Ҷоизаҳо:

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1947-71 раққосаи Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳоло Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд), 1971-90 балетмейстери ҳамин театр буд. Истеъдоди баланди раққосӣ дошт, рақсҳои халқҳои гуногунро басо нарму нозук адо менамуд. Бар асоси рақси мардуми манотиқи мухталифи Тоҷикистон сюитаи чорқисмаи рақсии «Зарбҳои диёри офтобӣ»-ро таҳия ва иҷро намуд, ки писанди бинандагон гардид. Баккал рақсҳои тоҷикии «Ҷигарпора», «Занг», «Нағорабазм», «Танавор», рақсҳои хоразмӣ, ҳиндӣ, русӣ ва диг. халқҳоро бо эҳсосоти баланду назокати том иҷро кардааст. Рақсҳои бисёр спектаклҳои театрӣ, аз ҷумла, «Оршин мол-олон»-и В. Ҳоҷибеков, «Дилором»-и М. Ашрафӣ, «Рамояна»-и Н. Гусева, «Фаввораи Боғчасарой»-и А. Исломов ва ғ-ро ба саҳна гузоштааст. Рақсҳои дастҷамъона таҳиякардаи ӯ — «Шодиёна», сюитаҳои хореографии «Сулҳ», «Ҳафтранг» (рақси 7 воҳаи Тоҷикистон), «Бахти мо» ва ғ. ба рушду ташаккули рақси миллии тоҷик мусоидат намудаанд. Саҳми Б. дар тарбияи раққосони ҷавон хеле бузург аст. Ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои хориҷӣ (Афғонистон — 1966, 1972, Покистон — 1972) сафари ҳунарӣ кардааст.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш