Балош (шоҳаншоҳи сосонӣ)

Балош (форсӣ: بلاش‎) — подшоҳи Сосонӣ.

Балош
Vhaləhş/Валахш
Тасвири Балош дар тангаи нуқрагин
Тасвири Балош дар тангаи нуқрагин
Шоҳаншоҳи Эраншаҳр
483/484 — 488
Пешгузашта Пирӯзи I
Ҷонишин Қубоди I
Таваллуд асри V
Даргузашт 488
Ҷинс Хонадони Сосон
Падар Yazdegerd II[d]
Модар Diang of Persia[d]
Эътиқод маздаясно
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Баъд аз марги бародараш Фирӯз (Пирӯзи I) ба тахти подшоҳӣ нишаста, с-ҳои 484–488 ҳукмронӣ кардааст. Дар ин айём барои тасхири Арманистон ҷанг идома дошт. Балош бо ҳокими Арманистон аҳдномаи сулҳро ба имзо расонд, ки тибқи он масеҳият дини расмии Арманистон эълон гардид ва идораи ин сарзамин ба дасти Б. гузашт. Дар с. 488 Балошро Сосониён аз подшоҳӣ маҳрум карда, кӯр намуданд. Тахту тоҷи подшоҳӣ насиби писари Фирӯз – Қубоди I гардид.

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

  • قدیان عباس. فرهنگ فشردۀ تاریخ ایران. تهران، ۱۹۹۷؛
  • رضائی عبدالعظیم. تاریخ ده هزار سالۀ ایران. ج. ۲. تهران، ۱۹۹۴

СарчашмаВироиш