Бандина (тиб)
Бандина, захмбанд — яке аз усулу воситаҳои ба сатҳи бадан ё ягон ҷойи дигари он бастани рифодот (матоъи бандиш). Ба воситаи бандина ин ё он қисми баданро беҳаракат низ мекунанд. Бандина устуворгардон, тазӣиқовар, ноҷунбон, шахкунанда мешавад. Дар захмбандӣ бандинаи ангорӣ ва тӯриро бештар истифода мебаранд. Бандинаро барои муҳофизати ҷароҳат аз ифлосии беруна, ҷаббидани моеоте, ки аз захм ё манбаи чирк мебароянд, муолиҷаи бофтаҳои осебдидаю сироятёфта ва ғ. кор мефармоянд. Истилоҳи бандина аз «захмбандӣ» фарқ дорад. Гирифтани бандинаи пешина, пошидани дору, молидани марҳам, аз нав бастану иваз кардани бандинаро захмбандӣ меноманд.
Бандинаро бояд ҳар шахс ва хонандаи синфҳои болоӣ гузошта тавонад. Дар хона бештар бандинаи устуворгардонро ба кор мебаранд. Онҳо гуногуншакл буда, бастанашон малакаи муайян мехоҳад. Бандинаи нодуруст басташуда тез беҷо мегардад ё баръакс, бофтаҳоро сахт фишурда, боиси пайдоиши дард ва ихтилоли ҳаракати хун мешавад.
Қоидаҳо
вироишҚоидаҳои асосии ба ҷароҳат печондани бандина чунинанд:
- Бандинаи матоаш тамйизшударо бо дасти тоза бастан лозим аст; пӯсти атрофи манбаи захмро бо спирт, арақ, йод ё атр дезинфексия кардан шарт мебошад.
- Бемор дароз кашад ё баҳузур шинад, корманди тиб бояд тавре истад, ки рӯйи беморро бинад ва ҳангоми бинтбандӣ дард шиддат накунад. Пойро рост, дастро каме қат карда бинт мепечонанд. Нӯги бинтро ба дасти чап, калобаашро ба дасти рост гирифта, ба атрофи узв печондан лозим. Аввал қисми борик, баъд оҳиста-оҳиста ҷойи ғафси узви захмдорро бинтпеч мекунанд. Ду печиши аввали бинт бояд болои ҳам бошад. Печиши минбаъда бояд нимаи қабати пешинаро рӯпӯш кунад. Агар дар ин ҳолат бинт ноҳамвор ва «халта» шавад, онро чаппа кардан лозим аст. Ду–се печиши охирин бояд монанди печиши якум болои ҳам хоб раванд, баъд охири бинтро бо қайчӣ дударрон карда, гиреҳ мебанданд (бо даст дарондани нӯги бинт ҷароҳатро ба дард меорад).
- Барои бандина асосан докаи тамйизшуда (дар корхонаи фарматсевтӣ тайёр мекунанд)-ро ба кор мебаранд. Агар дока набошад, матоъи дарзмолшуда ё докаи тозаро истифода бурдан мумкин аст.
- Бандина бояд ҷароҳатро пурра пӯшонад, то ки ба захм такроран микробҳои касалиовар дохил нашаванд.
- Бандина бояд бофтаҳоро фишурда ё таранг насозад, дардро зиёд ва нафасгириро душвор накунад.
- Бандинаро ба ҳар ҷойи бадан тавре бояд баст, ки шахс азият накашад, вақти зарурат гирифтанаш осону бедард бошад.
- Бандинаро бодиққат ва зебо печондан лозим, ки узв (сар, по ва ғайра) ба назар баднамо натобад.
Дуруст бастани бандина ҷароҳатро аз сирояти микроорганизмҳо муҳофизат намуда, чирку фасодро пайваста маҷаббад, хунравиро қисман бозмедорад, дардро як муддат кам мекунад. Аз ин рӯ, бандинае, ки саривақт гузошта шудааст, инкишофи оризаҳои хавфнок (уфунат, гангрена, кузоз ва ғайра)-ро бозмедорад.
Бандинаи устуворгардон
вироишБандинаи часпак (наклейка)-ро ҷарроҳон барои бастани захми «тоза» (бештар барои ҷарроҳӣ) ва манбаи чирк, пуччак истифода мебаранд. Аввал ба захм ё манбаи газак бандинаи бинтии пахтадор гузошта, баъд бо бинти махсус (дар таркибаш ширеш дорад) мепӯшонанд. Часпакҳо барои тана, гардан ва ғ. хеле мувофиқанд.
Ласуқ
вироишЛасуқ (бандинаи марҳами часпон, лейкопластер) тасмачаи борик аст ва монанди бандинаи часпак истифода мешавад. Тасмачаро аз болои бандина мечаспонанд. Ласуқро тарзе истифода бурдан лозим аст, ки бофтаҳо (хусусан панҷаҳо) тазӣиқ наёбанд, дар акси ҳол дард шиддат карда, бофтаҳо кабуд мешаванд. Ҷарроҳон онро баъзан барои бо ҳам наздик кардани канораҳои ҷароҳат кор мефармоянд. бандинаи сарбандакшакл. Сарбандаки махсуси тиббӣ, матоъпораи секунҷаи дурушт (катон, хомсуф ва ғайра), сарбандаки одии занона ё рӯймолчаро истифода бурдан мумкин аст. Онро, одатан, барои ба китф овезон карда бастани даст кор мефармоянд. Бо бандинаи сарбандакшакл панҷаи по ва дастро низ бастан мумкин аст.
Бандинаи ангорӣ
вироишБандинаи ангорӣ (контури)-ро барои ҷойи сӯхтагӣ истифода мебаранд. Онро аз лӯлапечҳои махсуси пахтаю докагӣ (дар фабрика ё дар дармонгоҳу беморхонаҳо тайёр мекунанд) месозанд. Бо бандинаи ангорӣ якбора сатҳи калони баданро рӯпӯш кардан мумкин аст. Аз диг. Бандинаҳо бартарӣ дорад. Онро ба ҷойи сӯхтагӣ зуд ва бедард гузоштан мумкин (иваз карданаш низ осон аст).
Бандинаи тӯрдор
вироишБандинаи тӯрдор нисбат ба бандинаи докагӣ чандиртар буда, дар ҳар узви бадан (сар, по, банду буғумҳо ва ғайра) мустаҳкам ва муддати дароз ҷой мегирад. Он махсусан барои ангуштон муносиб ва барои бастани соқи по ё даст ягона бандина аст. Дар мавриди истифодаи бандинаи тӯрдор пӯст нафас гирифта, ҷойи бастагӣ арақ намекунад.
Бандинаи бинтии фалахмоншакл
вироишБандинаи бинтии фалахмоншакл барои бастани захми рӯй (бештар бинӣ ва занах) пешбинӣ шудааст. Бо ин мақсад ду нӯги бинтро бурида, бо қисми яклухташ ҷароҳат ё ҷойи римнокро мебанданд. Дарозии бандина бояд ба якуним печи гирди сар баробар бошад.
Бандинаи мудаввар
вироишБандинаи мудаввар одитарин бандина аст. Бо он захмҳои хурд, масалан, дар чашм, гӯш, сар, гардан, китф ва сарпанҷаи дастро мебанданд.
Бандинаи морпеч
вироишБандинаи морпечро ба узвҳои дарози бадан (пой, даст) мепечонанд. Бинтро дар як хатти рост бояд тавре печонд, ки бандина шакли хӯшаро гирад.
Бандинаи ҳаштмонанд
вироишБандинаи ҳаштмонанд асосан барои бастани банду буғум (китф, оринҷ, зону, банди соқу панҷаи по) пешбинӣ шудааст. Аввал бандинаро поёнтар аз банд (мас., оринҷ) баста, баъд онро аз чуқураки оринҷ ба сӯи китф, сонӣ боз ба тарафи оринҷ мебаранд, ки бандина шакли адади 8-ро мегирад. Аз ин гуна бандина даст муваққат ноҷунбон мешавад. Агар лозим ояд баъзан 2–3 навъи бандинаро якбора истифода мекунанд.
Бандинаҳои махсус
вироишБандинаҳои махсус (маҷозан кулоҳи Буқрот, бандинаи неаполитанӣ ва ғ. меноманд) ва таъйиноташон дақиқро кормандони тиб дар амбулаторияю беморхонаҳо истифода мекунанд.
Иваз кардани бандина дар хона манъ аст, чунки бо ин кор ҷароҳат сироятнок мешавад. Аз ҷароҳатбандии ноуҳдабароёна шиддат гирифтани дард, хунравӣ ва диг. оризаҳо аҷаб нест. Бемор бояд нисбат ба бандина беэътиноӣ накунад, ба беҷо шудани он роҳ надиҳад. Бандина бояд ҳамеша (ҳангоми кор ҳам) покиза бошад (бо ин мақсад аз дастпӯшак истифода мебаранд).
Бандинаи тазӣиқовар
вироишБандинаи тазӣиқовар асосан барои боздоштани хунравӣ аст. Аз болои бандина болиштаки пахтаю бинтӣ гузошта, сахт бинтбандӣ мекунанд. Истифодаи бандинаи таз-йиқовар ба захми чуқурчаи зери зону хавфнок аст, чунки ҳаракати хун дар шараёни по қатъ гашта, боиси инкишофи гангрена мешавад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Бандина // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.