Бану Мӯсо

(Тағйири масир аз Бану Мусо)

Банӣ Мусо, ё Бану Мусо (ар. بنو موسى‎) — писарони Мӯсо ибни Шокири Хуросонӣ: Муҳаммад, Аҳмад ва Ҳасан, донишмандони машҳури эронитабор (а. 9), ки дар инкишофи илмҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва назарияи мусиқӣ нақши бузурге гузоштаанд. Муаллифи «Таъриху-л-ҳукамо» — Қифтӣ менависад, ки Мусо ибни Шокир аз Хуросон буда, дар овони ҷавониаш роҳзаниву авбошӣ мекардааст. Бо ҳокими Хуросон Маъмун (786—833) шиносоӣ пайдо карда, ба ӯ наздик мешавад. Пас аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ Маъмун (с. 813) Бағдодро гирифта, халифа мешавад ва Мусо ибни Шокир бо Маъмун ба Бағдод мекӯчад. Ӯ дар Бағдод илми нуҷумро омӯхта мунаҷҷими машҳури замон мешавад. Пас аз фавти Мусо ибни Шокир Маъмун ба писарони ӯ мурооти бисёр мекунад.

Бану Мӯсо
ар. بنو موسى
Нигора
Шаҳрвандӣ
Таърихи таваллуд тақрибан 800[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 860[1]
Маҳалли даргузашт
Падар Мӯсо ибни Шокир
Пеша риёзидон, муҳандис, ахтаршинос, мунаҷҷим, тарҷумон, нависанда
Заминаи корӣ ҳандаса
Тааллуқ дорад ба Викилоиҳаи WikiProject Mathematics[d]
Вазъияти купиройти асарҳои ин муаллиф copyrights on works have expired[d]

Банӣ Мусо дар «Байтулҳикма»-и Бағдод фаъолият доштанд. Бародари калонӣ Абуҷаъфар Муҳаммад ба ҳандаса, нуҷум, мусиқӣ ва мантиқ, бародари миёна Аҳмад бештар ба «илми ҳийал» (механика) ва бародари хурдӣ Ҳасан ба ҳандаса машғул буданд.

Бино ба маълумоти «ал-Феҳрист»-и Ибни Надим, Банӣ Мусо дар роҳи андӯхтани дониш сарфи молро дареғ надоштанд. Ибни Юнус дар «Зиҷи кабири Ҳокимӣ» аз шаш расади Банӣ Мусо ёд мекунад. Абурайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия» ба зиҷҳои Банӣ Мусо баҳои баланд дода, онҳоро аз нодирони асри худ мешуморад. Чунончи, бино ба қавли Берунӣ, Муҳаммад ва Аҳмад с. 857 дар Рай қимати баландтарин (79°22´) ва пасттарини (32°13´) Офтоб ва аз рӯйи ин ду қимат майли эклиптикаро (23° 34´ 30´´) ҳисоб карданд. Онҳо трисексияи кунҷ ва бо ёрии тор кашидани эллипс, қимати π (пи) ва ҳалли муодилаи -ро медонистанд. Рисолаҳои зерин намунаи осори Банӣ Мусо маҳсуб мешаванд: «Муқадамот китобу-л-махрутот» ("Шарти муқаддима бар китоби «Бурришҳои махрутӣ»), «Китоб маърифат масоҳа ал-ашколу-л-басита ва-л-курийа» («Китоб дар маърифати ченкунии шаклҳои мусаттаҳ ва куравӣ»), «Китобу-л-ҳийал» («Китоб дар илми ҳилаҳо», яъне механика), «Китоб фӣ карастун» («Китоб дар бораи тарозуҳои фишангӣ»), «Рӯъёу-л-ҳилол ало раъй Аби Ҷаъфар Муҳаммад ибни Мусо ибни Шокир» («Намудории моҳи нав аз назари Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Мусо ибни Шокир»), «Китоб фӣ амалу-л-устурлоб» («Китоб андар сохти устурлоб») ва ғ., ки дар китобхонаҳои дунё маҳфузанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш