Бара-бодо — гурӯҳи қавмҳои шимолу шарқи Ҳиндустон (асосан иёлати Ассам). Шумораашон дар ибтидои садаи XXI тақрибан ба 2 млн нафар расидааст. Бара-бодоиҳо ба забонҳои гуногун такаллум мекунанд, ки ба зергурӯҳи забонҳои бирмавии шохаи забонҳои тибату бирмавӣ ва оилаи забонҳои хитойу тибатӣ дохил мешаванд. Ин мардум маъмулан ба шикору кишоварзӣ машғуланд. Бара-бодоиҳо аз мардуми қадими тибату бирмавианд, ки ҳанӯз асрҳои 2 то м. ба Ҳиндустон омадаанд. Қисме аз ин мардум пайрави эътиқоди ибтидоӣ – анимизм ва бархе муътақиди буддоия мебошанд.

Бара-бодо

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш