Барбарӣ (форсӣ: بربری‎) — гурӯҳе аз мардуми ҳазораи муҳоҷири Афғонистон, ки дар ноҳияҳои шарқии Эрони имрӯза маскун шудаанд. Тақр. с-ҳои 1890–92 аз навоҳии Барбаристон ё худ Ҳазораҷот аз ноҳияҳои марказии Афғонистон ба Эрон кӯчидаанд ва вобаста ба номи маҳалли зисташон ба Б. маъруф гаштаанд. Б-ҳои Эрон бештар шиамазҳаби исноашарианд ва ба яке аз гӯишҳои забони дарӣ такаллум мекунанд. Аксаран эрониён барбарҳои ҳазораро бо нони махсусашон (дар баъзе ноҳияҳои Афғонистон, бахусус Кобул бо номи панҷакаш – нони дарозрӯяи тунук), ки ба «барбарӣ» шуҳрат дорад, мешиносанд. Ҳазораҷот дар Афғонистон аз минтақаи васее иборат мебошад, ки бахшҳое аз Бомиён, Урузгон, Ғур, Ҳирот, Фароҳ, Қандаҳор, Ғазнӣ, Парвон, Бағлон, Балх ва Бодғисро дар бар мегирад ва қадимтарин номи он Барбаристон будааст, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳам ба он ишора шудааст:

Барбарӣ

Сипаҳбуд чандон яли теғзан,
Ба Барбарситон бар шуданд анҷуман.
ё
Бад-ӯ гуфт, к-эй номбардори Ҳинд,
Зи Барбар ба фармони ту то ба Синд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • فرهنگ شاهنامه. تهران، ۱۳۷۷ هـ. ش؛
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی. ج.۱۱. تهران، ۱۳۸۱.

Сарчашма вироиш