Барзах (Мазҳакаи илоҳӣ)

«Барзах» — номи китоби дуюми асари сегона (Дӯзах, Барзах, Биҳишт)-и Алигери Данте «Мазҳакаи илоҳӣ» мебошад, ки дар он муаллиф марҳилаи дуюм аз мароҳили сафари сегонаи солик ба дунёи ҷовидро тасвир кардааст.

Худи Алигери Данте дар муқаддимаи барзах номи дигари онро «Биҳишт» номидааст, ки як ибдои шарқии дорои мазмунҳои маънавӣ мебошад. Дар муқаддимаи китоби мазкур омада, ки «Барзах ҳадди фосили байни дӯзаху биҳишт аст ва агар онро аз лиҳози маънавӣ шарҳу таъбир кунем, барзахро бояд ҳадди фосили „гуноҳ“ ва „растгорӣ“ арзёбӣ кард».

Дар ин марҳилаи сайри солик рӯҳ дар олами восит ва миёнҷие байни ҷаҳони анвори ноби миновӣ ва сипеҳри ҳиссӣ (фалакулафлок) қарор хоҳад гирифт. барзахи Данте асли қадимаи яҳудӣ ва масеҳӣ надорад ва ҳар дуи ин ойин барзахро таъсири боварҳои шарқӣ ба мамолики Ғарб медонад. Бо ибораи дигар, динҳои яҳудиву масеҳӣ дар оғози пайдоишашон дар низоми ҳастишиносии хеш мафҳуми барзах, ё худ олами миёнҷӣ, ё худ воситро надоштанд, вале дар садаҳои 5-6 назариётчиёну ҳомиёни масеҳӣ ҷойи ин фазои холиро пур карданӣ шуда, вуҷуди олами барзахро зарурӣ шумурдаанд ва Папа Григорийи Кабир дар садаи 6 бар асоси пешниҳоди ҳомиёни мазкур расман дар бораи вуҷуди олами барзах дар дини масеҳӣ фатво дод.

Аз ин нукот чунин бармеояд, ки олами барзах аз силсилаи маротиби вуҷуди ойини зардуштӣ ба дини масеҳӣ дохил шуд ва пас аз истилои аъроб дини ислом низ бо баъзе тағйирот барзахро аз зардуштия ба орият гирифт. барзах дар ойини зардуштӣ «фраваҳар» ё худ «фравашӣ» ном дорад. Дар Авесто (Яснои 47/4) омада: «касе, ки гоҳе некандешу гоҳе зиштандеш аст, касе, ки виҷдонаш гоҳе ба воситаи кирдору гуфтораш мутеи ҳавою ҳавас ва гоҳо хоҳиши хеш созад, чунин кас ба ҳукми азалии аҳуроӣ дар рӯҳи вопасин мақоми ҷудогонае хоҳад дошт». Ин мақом ишора ба ҳамон олами миёнҷӣ дар силсилаи маротиби вуҷуди зардуштӣ аст. Дар навиштаҳои паҳлавии Занду Позанд шарҳу тавзеҳи кофӣ роҷеъ ба ин масъала оварда шудааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш